9 декабри соли 2021 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ аввалин наваскарони даъвати тирамоҳии КҲФ қасами ҳарбӣ ёд карданд. Дар ин рӯз 120 нафар наваскарон аз се қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хешу табор, фармондеҳону ҳамкорон ва собиқадорон ба Ватан савганд ёд карданд.
Дар хузури фармондеҳон, падару модарон, мехмонони даъватшуда сарбозон даст ба силоҳ бурданд ва савганди садоқат ба номи Ватан ёд карданд ва кавл доданд, ки вазифаи ҳарбии худро бошарафона ба чо меоранд, озодй ва истиклоли давлатро мардонавор мухофизат мекунанд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, сарбозони интернационалист, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии наздиктарин ва волидону наздикони наваскарон ширкат варзиданд.
Волидони наваскарон, намояндагони қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин меҳмонони даъватшуда сарбозони ҷавонро муборакбод намуданд ва барояшон орзуҳои хуш карданд.
Ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Имомалӣ Иброҳимзода зимни суханронии худ аз ҷумла гуфт: «Имруз дар хаёти онхое, ки қасами садоқат ёд карданд, рӯзи хотирмону хеле муҳим хоҳад буд. Бояд дар хотир дошт, ки суханоне, ки шумо имрӯз гуфтаед, пеш аз ҳама боварии волидон, хешу табор ва дӯстон аст, ки шумо ҳамеша барои ҳифзи онҳо омода ҳастед. Аз ин рӯ, ман ҳамаро даъват менамоям, ки хидмати ҳар яки шумо нисбат ба вазифае, ки дар назди Ватан бошарафона ба ҷо оварда шудааст, танҳо ҳисси ифтихорро бедор созад».
Пас аз маросими тантанавии савгандёдкунии муовини раиси Кумита полковник Иброҳимзода Иброҳимзода ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ бо волидайни хизматчиёни ҳарбӣ дар қисми ҳарбӣ суҳбат карда, ба ҳама саволҳои онҳо посух доданд, ба аҳли хонаводаи наваскарон рақамҳои телефонҳои фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва мутасаддиёни дигарро доданд, то дар зарурат озодона тамос гиранд.
Волидон ва наздикони хизматчиёни ҳарбӣ бо вазъи будубоши сарбозон дар қисми ҳарбӣ шинос шуданд.
Ин гуна чорабиниҳо дар дигар қисмҳои ҳарбии КҲФ низ баргузор шуданд.