Достони бориш ва борандагӣ дар шаш гуфтор. Гуфтори шашум:Барқ
Чоп шуд: 07/12/2021 | redaktorБарқ, озарахш, соиқа, аловак - таҳлияи электрики шароравии азим дар атмосфераи Замин. Барқ дар байни абрҳо ё дар байни абрҳову Замин, одатан дар шакли дурахши шўлавари рўшноӣ зоҳир мегардад, ки онҳо гулдурроси раъд ҳамроҳӣ мекунад. Барқ инчунин дар Зўҳра, Муштарӣ, Сатурн ва Уран низ ба қайд гирифта шудааст. Табиати электрикӣ доштани барқро физики амрикоӣ Б. Франклин (1750-53) ошкор ва таҳқиқ кард.