Барқ, озарахш, соиқа, аловак - таҳлияи электрики шароравии азим дар атмосфераи Замин. Барқ дар байни абрҳо ё дар байни абрҳову Замин, одатан дар шакли дурахши шўлавари рўшноӣ зоҳир мегардад, ки онҳо гулдурроси раъд ҳамроҳӣ мекунад. Барқ инчунин дар Зўҳра, Муштарӣ, Сатурн ва Уран низ ба қайд гирифта шудааст. Табиати электрикӣ доштани барқро физики амрикоӣ Б. Франклин (1750-53) ошкор ва таҳқиқ кард. Ҷараён дар таҳлияи барқ то 10-20 ҳаз. А мерасад, бинобар ин баъди задании барқ кам ҷондор зинда мемонад.
Дарозии миёнаи барқ 2,5 км буда баъзан то 20 км мешавад. Ба ҳисоби миёна дар ҳар як сония тақрибан 50 барқ ба сатҳи Замин расида, ба ҳар км квадратии он соле шаш маротиба осеб мерасонад. Барқ асосан дар тўдаабрҳои бороновар (раъду барқӣ), гоҳ-гоҳ дар абрҳои қабат-қабати бороновар, ҳангоми оташфишонии вулканҳо, торнадо ва тўфони чангу ғубор ва ғ. ба вуҷуд меояд.
Барқ хаттӣ, рўизаминӣ, дохилиабрӣ, гулўлабарқ ва ғайра мешавад. Барқи хаттӣ бештар мушоҳида шуда, ба таҳлияҳои беэлектрод мансуб мебошад, чунки ибтидо ва интиҳои он дар тарокуми зарраҳои заряднок аст. Барқ дар сурате воқеъ мешавад, ки дар ҳаҷми нисбатан хурди абр (аммо на хурдтар аз ягон ҳаҷми бўҳронӣ) майдони электрикии шиддатнокиаш барои оғози таҳлияи электрикӣ кофӣ (-1 МВ/м) пайдо гардида, дар соҳаи нисбатан васеъи абр майдони шиддатнокиаш барои идома ёфтани таҳлияи оғозшуда кофӣ (0,1-0,2 МВ/м) мавҷуд бошад. Дар барқ нерўи электрики абр ба гармӣ табдил меёбад.
Раванди инкишофи барқи рўизаминӣ чанд марҳила дорад. Аввал дар соҳае, ки майдони электрикӣ ба қимати бўҳронӣ мерасад, иондоршавии зарбатӣ сар мешавад. Иондоршавиро аввал электронҳои озоде оғоз мекунанд, ки дар ҳаво ҳамеша ба миқдори муайян мавҷуд буда, аз таъсири майдони электрикӣ ба самти Замин суръати калонро соҳиб мегарданд ва бо атомҳои ҳаво бархўрда онҳоро иондор мекунанд. Ҳамин тариқ, тармаҳои электронӣ пайдо мешаванд, ки ба шохаҳои тахлияи электрикӣ – стримерҳо табдил меёбанд. Ин шохаҳо каналҳои фарқкунноқилеанд, ки якҷоя шуда, канали термоиондоршудаи дурахшони ноқилияташ хуб-лидери зина-зинаи барқро ташкил медиҳанд.
- ДОСТОНИ БОРИШ ВА БОРАНДАГӢ ДАР ШАШ ГУФТОР. ГУФТОРИ АВВАЛ
- ДОСТОНИ БОРИШ ВА БОРАНДАГӢ ДАР ШАШ ГУФТОР. ГУФТОРИ ДУЮМ: БАРФТӮДА
Лидер сўи сатҳи Замин зина-зина (ҳар як зина то ба даҳҳо м мерасад) бо суръати -5*107 м/с ҳаракат мекунад. Ҳаракати лидер баъди ҳар як зина якчанд даҳ мкс қатъ гардида, нурафканиаш хеле суст мешавад. Дар зинаи навбатӣ лидер боз ба якчанд даҳҳо метр ҳаракат мекунад. Дар ин вақт ҳамаи зинаҳои гузаштаро нурафкании дурахшон фаро мегирад; сипас, боз қатъшавии ҳаракат ва сустшавии нурафканӣ рўй медиҳад. Ин равандҳо дар давоми то ба сатҳи Замин омадани лидер (бо суръати миёнаи 2*105 м/с) такрор мешаванд. Бо мурури ба замин наздик шудани лидери шиддатнокии майдон дар нўги он тақвият меёбад. Бо таъсири ин майдон аз ашёи баланди сатҳи Замин стримери ҷавобӣ меҷаҳад, ки бо лидер пайваст мешавад (ин хусусияти барқ дар сохти барқгардон истифода мешавад). Дар марҳилаи охирин аз канали иондоршудаи лидер (расми 2 б) таҳлияи баръакс (асосӣ)-и барқ мегузарад, ки ҷараёни то садҳо ҳазор А ва тобиши аз тобиши лидер дурахшонтар дошта, бо суръати азим (дар аввал то 108 м/с ва дар охири ҳаракат то 107 м/с) ҳаракат мекунанд. Ҳарорати дохили канал ҳангоми таҳлияи асосӣ беш аз 250000 С, дарозии канал 1-10 км ва қутраш якчанд см мешавад.
Барқҳои дохилиабрӣ асосан марҳилаҳои лидериро дар бар мегиранд; дарозии онҳо аз 1 то 150 км мерасад. Ҳангоми барқи дохилиабрӣ майдонҳои электрикӣ ва магнитӣ тағйир меёбанд ва радиоафканишот ба вуҷуд меояд. Дар вақти сар задании барқ ҳаво тафсида якбора васеъ мешавад ва чун таркиш садо медиҳад.
Навъи махсуси барқ гулўлабарқ аст. Он сфероиди мунирест, ки нерўи хосси азим дорад ва одатан, баъди зарбаи барқи хаттӣ пайдо мешавад. Гулўлабарқ аз якчанл сония то якчанд дақица вуҷуд дошта метавонад. Табиати гулўлабарқ ҳанўз пурра омўхта нашудааст. Қариб 200 назарияи ин ҳодиса мавҷуд буда, ягонтои он аз ҷониби олимон эътироф нагардидааст. Воқеъ гаштани барқ (чи барқи хаттӣ ва чи гулўлабарқ) боиси харобиҳои зиёд ва ҳалокати одамон шуда метавонад.
Дар қабатҳои болоии атмосфера намудҳои махсуси барқ: элфҳо ва спрайтҳо (1989), сонитар ҷетҳо (1995) ошкор карда шуданд. Элфҳо тобишҳои махрутии равшаниашон паст мебошанд, ки қутрашон қариб 400 км-ро ташкил медиҳад ва бевосита дар қисми болоии абрҳои барқзо ба вуҷуд меоянд. Баландии элфҳо то 100 км ва давомоти тобишашон то 5 мс (ба ҳисоби миёна ба 3 мс) расида метавонад. Ҷетҳо найчаҳои махрутии рангашон кабудро мемонанд. Баландии онҳо то 40-70 км (ҳудуди поёнии ионосфера) расида, давомнокиашон аз элфҳо зиёд аст. Спрайтҳоро аз дигар намудҳои барқ фарқ кардан душвор аст. Онҳо ҳангоми ба амал омадани раъду барқ дар баландии аз 55 то 130 км ба вуҷуд меоянд. (баландии ташаккулёбии барқҳои муқаррарӣ аз 16 км зиёд нест). Ҳоло хосиятҳои спрайтҳо дуруст омўхта нашудааст.
Аксар барқ одам ё ҳайвонотро дар ҷойи кушод мезанад, зеро ҷараёни электрикӣ бо роҳи кўтоҳтарин: «абри раъду барқзо-замин» ҷорӣ мешавад. Одатан барқ дарахтон, таҷҳизоти трансформаторӣ ва роҳи оҳанро мезанад. Аз ин рў, ҳангоми раъду барқ зери дарахт паноҳ бурдан ба ҳаёти одам хатарнок аст.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи Миллии Тоҷик”. – Душанбе, 2017. – Ҷ.2. – С. 367. Муаллиф Н. Ёдгорӣ
ВА БОЗ ДАР ИН БОРА