Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ

7 декабри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи Платформаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо ширкати намояндагони 16 вазорату идораҳои кишвар баргузор шуд.

Дар нишаст масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки қарор аст рӯзи 9 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллӣ баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аъзои гурӯҳи коршиносон дар бораи корҳои анҷомдодаи худ, таҳияи суханрониҳо ва  омода намудани муаррифии аъзои Платформаи миллӣ тибқи рӯзномаи ҷаласаи пешбинишудаи Платформаи миллӣ ҳисобот доданд.

Ҳамчунин ширкаткунандагон масъалаҳои арзёбии татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари коҳиши хатари офатҳо дар вазорату идораҳо, ки аз ҷониби Дафтари намояндагии СММ оид ба коҳиҳи хатари офатҳо дар Тоҷикистон омода шудааст, ворид намудани тағйирот дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 №632 “Дар бораи тартиб ва ҳаҷми кумакҳои якдаъфаинаи моддӣ ба аҳолии бар асари офатҳои табиии зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасӣ намуданд

Ҷаласа таҳти сарварии сардори Сарраёсати Кумита-котиби масъули Платформаи миллӣ полковник Ҷамшед Камолов баргузор шуд.

барчасп: