9 декабри соли 2021 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҷаласаи ҷамъбастии Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Платформаи миллӣ – роҳбарони вазорату идораҳои салоҳиятдор ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар суханронии худ муовини якуми Раиси Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – сарвари идораи наҷоти кишвар генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ширкаткунандагонро бо фаъолияти Кумита дар соли 2021 дар самти коҳиши хатари офатҳо ва ҳолатҳои фавқулоддае, ки тӯли сол дар қаламрави мамлакат рух доданд ва тадбирҳои андешидашуда, ҳамчунин вазифаҳо барои соли 2022 шинос намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳо доир ба ҳисоботи вазорату идораҳо дар мавриди ташкилу роҳандозии чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, иштирокчиён оид ба рафти татбиқи барномаю лоиҳаҳо бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар харочоти Фонди эҳтиётии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои омӯзиши усулҳои нави коҳиши хатари офатҳо, рафти корҳои соҳилбандӣ, омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар роҳҳои мошингард дар фасли зимистони солҳои 2021-2022, натиҷаҳои ҷамъбастии Хадамоти давлатии назорат бар равандҳои хатарноки экзогенӣ ва геологӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон: ҳисобот дар бораи такмили системаи огоҳии бармаҳал дар кӯли Сарез дар доираи Лоиҳаи миллӣ ва Гурӯҳи арзёбиҳои байналмилалии татбики “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030”, ҳамчунин маълумот дар бораи ҳамкориҳои Агентии Оғохон оид ба муҳити зист бо КҲФ дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табииро шуниданд.
Раиси КҲФ ба роҳбарон ва кормандони масъули вазорату идораҳои кишвар дар масъалаҳои алоқаманд ба рӯзномаи маҷлис суолҳо дод.
Дар охир қарори дахлдори Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо қабул гардид.