Медузаҳо (юнонии μέδουσα) дар забони илмии тоҷикӣ бо ҳамин ном ёд мешаванд, вале дар забон форсӣ онро “арӯси дарёӣ” тарҷума кардаанд. Аз ҷумлаи бемуҳраҳо буда, дар шохаи марҷониён табақабандӣ мешавад. Ин мавҷудот қодир аст дар баҳру уқёнусҳо шино кунад. Аз қадимитарин мавҷудоти обӣ аст, ки ба гуфтаи олимон аз 650 миллион сол пеш ба инҷониб вуҷуд доранд.
Дар бораи медузаҳо ҳикоёти ҷолиб кам нестанд. Метавонем дар ин бобат ҳикояи Артур Конан Дойл «Мӯи шерӣ” –ро ба ёд орем, ки медузаи заҳрдор сианея (форсӣ: арӯси дарёии боли шерӣ, номи илмиаш: Cyanea capillata) сабабгори марги мармузи шиновар мешавад. Бояд гуфт, ки бисёре аз ин ҳикоёт асоси воқеъӣ доранд. Масалан, медузаи оруи обӣ соли 1880 сабабгори марги 66 нафар дар соҳилҳои баҳрии Австралия шуда буд. Заҳри он фаврӣ ва бетаъхир мушакҳои дилро фалаҷ мекунад.
Як намуди кушандаи медузаҳо медузаҳои ҷаъбаӣ мебошанд, ки бо номи илмии Cubozoa ёд мешаванд. Ин ҷонвари кушанда ба андозаи як тӯпи футбол аст ва то 60 шохак бо тӯли 4,5 метр дорад. Ҳар шохак то 5 ҳазор ҳуҷайраи нешзананда ва заҳри кофӣ барои куштани 60 нафар дорад. То ҳол омори расмӣ вуҷуд надорад, аммо коршиносон тахмин мезананд, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 100 нафар аз газидани медузаи ҷаъбаӣ кушта мешаванд. Тибқи як маълумоти Бунёди миллии илми Амрико ҳар сол танҳо дар Филиппин 45 нафар аз неши ҳайвон б аҳалокат мерасанд. То соли 2018 ҳадди ақал 51 намуди медузаи ҷаъбаӣ маълум буд.
Медузаи ирукандҷи — мансуб ба медузаҳои уқёнусиоромист, ки бо заҳрнокии худ дар миёни медузаҳои дигар фарқ мекунад. То ҳол 16 гунаи ин медузаро кашф кардаанд. Бори аввал академик Хюго Флекер дар бораи ин навъи медузаҳо маълумот ҷамъоварӣ намуд ва ба шарафи қабилаи автралиёии ируканҷӣ чунин номгузорӣ кард. Табиб Ҷек Барнс соли 1961 заҳри ин медузаро дар бадани худ санҷид ва амали медуза ва таъсири заҳри онро омӯхт.
Тибқи маълумоти ахири дон ишмандон тағйири иқлим боис мешавад, ки ин навъи медуза дар саросари обҳои уқёнуси олам паҳн шавад ва хатари он ба инсон на камтар аз ҳайвонҳои обист.
Заврақи португалӣ ё худ физалия ( (лот.Physalia physalis). Бозуҳои ин ҷонвари ғулпайкар дар зери об то ба 30 метр низ мерасад, аммо ба ҳисоби миёна тӯли он даҳ метр аст. Дар асл ин аз як фард иборат нест, балки як мустаъмара аз полипоидҳо ва медузаҳо иборат мебошад. Дар як канори ин мустаъмара пуфаки калони шаффофи ҳаҷмаш то 30 сантиметр пур аз газ аст, ки онро дар об нигоҳ медорад ва дар канори дигари заврақ хартумакҳое бо дарозии то 10 метр дорад, ки хосияти заҳр задан ба одамон ва ҳайвонҳоро доро мебошад ва ҳуҷайраҳои нешзанандаи он барои одамон заҳрноканд.
Одаме, ки бо физалия бармехӯрад, ҳатман метавонад дар бадани худ сӯзиши сахту миқёсан калонро ҳисс кунад. Ба ин гуна одамон дар ин ҳолатҳо тавсия дода мешавад, ки ҷойи сӯхтаро бо маҳлули 3-5% уксус тар кунанд ва ин тадбир имкон хоҳад дод, ки заҳри он ба дигар ҳуҷайраҳои бадан ворид нашавад. Аммо ҳаргиз тавсия дода нашудааст, ки бо оби нӯшокӣ ҷойи зарардидаро бишӯянд, зеро ин амал метавонад ҳуҷайраҳои заҳрдорро вайрон кунад ва дард афзун шавад. Агар заҳр ба чашм расид ва ё дард муддати чанд дақиқа сокит нашуд, ҳатман бояд ба духтур муроҷиат намуд.
- ҲАМЛАИ КАЖДУМҲО ДАР МИСР: СЕ НАФАР ҲАЛОК ВА САДҲО ТАНИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДАНД
- ФОҶЕАИ ПАЛАНГИ РУДРАПРАЯГА – ҚОТИЛИ 125 ОДАМ
Шамъи шаб (лот. Noctiluca scintillans) — гунаи дигари ҷонварони баҳрӣ. Ҷонвари якҳуҷайраист. Бархӯрд бо он муҷиби дард, сӯзиш, илтиҳоб, рӯ задани доначаҳо мешавад.
Медузаи салибнақш ё гонионема (лот. Gonionemus vertens) – як медузаи заҳноки дигар, ки дар обҳои уқёнуси Ором (аз Чин то Калифорния) мезияд. Газидани ин медуза чандон зиёд дардовар нест, вале баъди он баданро як сӯзиши давомдори ноҳинҷоркунанда фаро мегирад. Баъди 15 дақиқа ҷойи сӯхта бо доначаҳо пӯшида мешавад, бадан ногаҳон заъиф мешавад, метавона дар бадан, бахусус дар дасту пойҳо варамро ба вуҷуд орад.
Кулоҳаки ранга (номи илмиаш: Olindias formosa)-заҳри ин медуза кушанда нест, вале метавонад ҳолати шадидии аллергӣ ба вуҷуд орад.
Медузаи холдор (Phyllorhiza punctata) андозаи маъмулии гунбази он он 40 сантиметр мешавад, вале дар обҳои Халиҷи Форс ва халиҷи Мексика то 70 см қад мекашад. Заҳраш кушанда нест, вале ҷойи заҳррасида муддати дароз сӯзиш мекунад.
Номура (Nemopilema nomurai) – гунаи дигари медузаҳои заҳрнок, ки метавонад ду метр андоза дошта бошад ва то 200 кило вазн. Ҳарчанд заҳраш кушанда нест, вале наметавон онро бехатар номид. Заҳри вай бештар баданро месӯзонад. Дар баҳри Зард ва Чини Шарқӣ дида мешавад.
Газна ё сӯзгиёҳи баҳрӣ (лот. Chrysaora melanaster). Гунбази ба син бузурги он метавонад то 30 см бошад ва дарозии он 24 ва илова ба ин хармумакҳояш 2 метри дигар. Баъди иртибот бо он дар бадани инсон метавонад доначаҳо пайдо шавад, дарди сахт низ. Аммо ба ҳаёти одам хатар надорад, заҳраш кушанда нест.
Таҳияи Б.Шафеъ
МАВОДҲОИ ДИГАР:
МОҲИГИРИ БУЗУРГИ БЕБОЛ: МУДҲИШТАРИН ФОҶЕАЕ, КИ БА ДАСТИ ИНСОН АНҶОМ ШУДААСТ
ОҚИБАТҲОИ ТАЪСИРИ АНТРОПОГЕНӢ БА СИСТЕМАИ ЭКОЛОГИИ ЗАМИН
ЯК ПАЖӮҲИШ МЕГӮЯД ДАР 40 СОЛИ ОХИР АЗ ОФАТҲОИ ТАБИӢ 3,3 МИЛЛИОН НАФАР ҶОН БОХТААНД
МУСАЛМОНЕ, КИ ТАЛОШ КАРД ҲАВОПАЙМО СОЗАД. АББОС ИБНИ ФИРНОС КӢ БУД