Оқибатҳои таъсири антропогенӣ ба системаи экологии Замин

Таъсири фаъолияти хоҷагии одам ба таби­ати зиндаи Замин дар садаи XX миқёси васеъро фаро гирифт ва боиси нестшавии бисёр намудҳои организмҳо гардид. Ба ҳар чаҳор намуди ширхӯрҳо ва ҳар ҳашт намуди паран­даҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Дар давоми се садсолаи охир ба дасти одам нест шудани беш аз 400 намуди рустаниҳо дақиқ маълум аст. Ин раванд, шояд, ба на камтар аз 10 ҳазор намуди ҳайвоноти муҳрадор дахл дошта бошад.

Дар охири садаи XX дар рӯи Замин 63 дарсади сатҳи хушкӣ (ба истинои пиряхҳо, биёбонҳои қутбӣ, баландкӯҳҳо ва нишебиҳои ростфуромада) вайрон шуда, қариб 40 дарсади он комилан тағйир ёф­тааст. Дар Аврупо ба ҳиссаи сис­темаҳои экологии антропогенӣ 85 дарсади хушкӣ, дар Африқо — 51 %, дар Осиё — 57 %, дар Австралия — 40 %, дар Амрикои Шимолӣ — 45 % рост меояд. Дар бисёр мамлакатҳо ҳиссаи системаҳои экологии табиии боқимонда аз 5-7 зиёд нест. Дар аксарияти мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ, Марказӣ ва Ҷопон онҳо тамоман вуҷуд надоранд. Ҳан­гоми бо системаҳои экологии антропогенӣ иваз шудани системаҳои экологии табиӣ, одатан, қобилияти инъикос­кунандагии сатҳи Замин кам мешавад, ки ин боиси тафсидан ва гармшавии умумии иқлим мегардад. Дар ин маврид гардиши намӣ вайрон ме­шавад, чунки набототи табиии хуш­кӣ аз ҳисоби бухор шудани оби рустаниҳо воридшавии қисми асосии намӣ ба атмосфераро таъмин мекунад. Ҳангоми хеле кам шудани воридоти намӣ ба атмосфера биёбонишавии иқлим ба амал меояд. Ғайр аз ин, ҳангоми шакливазкунии системаҳои экологии табиӣ, одатан, бод­лесӣ ва обшӯйшавӣ шиддат меёбад. Олами наботот ва ҳайвоноти системаҳои экологии антропогенӣ кам буда, дар онҳо ҳиссаи намудҳои қадимӣ бузург аст.

Дар ҷаҳон ҳар сол беш аз 300 млрд т моддаҳо истихроҷ ва аз ҷойе ба ҷойи дигар интиқол дода мешаванд (50 т ба ҳар одам), ки қисми зиёди онҳо партовҳо (10 % партовҳои газу ғуборшакл, боқимонда — партовҳои сахт)-ро ба вуҷуд меоваранд. Изи партовҳои саноатии Хитойро дар пиряхҳои Гренландия пайдо кардаанд. Ифлосшавии атмосфера (ман­баъҳои асосӣ — энергетика, саноати филизкорӣ, наф­ту ки­миё, нақлиёт) илова ба таъсири гулхонагӣ, гармшавии умумии иқлим ва афзоиши бемориҳои аҳолӣ боиси тунукшавии қабати озон мегардад.

Уқёнуси Олам ба андозаи бузург ифлос шудааст, чун­­ки вай 75 дарсади боркашонӣ дар рӯи Заминро таъмин меку­над. Ҳар сол ба он обҳои ҷорие, ки дар таркибашон нафт ва маҳсулоти нафтӣ, пеститсидҳо, радионуклеидҳо, пай­вастҳои хлорорганикӣ, филиззоти вазнин ва ғ. доранд, дохил мешаванд. Дар натиҷаи ифлосшавии уқёнуси Олам низоми равшанӣ ва кимиёии қабатҳои болоии об халалдор мегардад, ки ба маҳсулнокии биологии он таъсир мера­сонад.

Вусъат ёфтани робитаҳои иқтисодӣ боиси ифлосшавии биологии глобалӣ ва шиддатёбии мубодилаи намудҳо бай­ни минтақаҳои биоҷуғрофиёии Замин гардид. Даҳҳо ҳа­зор намуди наботот ва ҳайвонот ба интродуксияи та­биӣ ва стихиявӣ (номуташаккилона) кашида шуданд. Пайдоиши намудҳои бегона дар Австралия, Зеландияи Нав, минтақаҳои муъта­дили Авруосиё ва Амрикои Ши­молӣ аллакай боиси хеле кам шудани хоҷагиҳо ва ха­тарҳои экологӣ гардидааст. Ифлосшавии биологӣ махсу­сан дар ҳавзҳои обашон ши­рин ва баҳрҳои дохилӣ беш­тар зоҳир мешавад. Аҳолии ин ҷо барои нест кар­дани биосфераи аборигенӣ (қадимӣ) ва кам кардани маҳсулнокии махзанҳои об (обанборҳо) қодиранд. Оид ба кам кардани таъсири антропогенӣ ба биосфераи Замин чандин созишнома ва конвенсияҳо ба тасвиб расиданд: дар соҳаи муътадилгардонии иқлим ва ифлосшавии атмосфера — Конвенсия оид ба ҳифзи қабати озон (1985), Конвенсия оид ба баҳодиҳии таъсиррасонӣ ба сарҳадди болоии му­ҳити атроф (1991), Конвенсия оид ба тағйирёбии иқлим (1992) ва Протокол дар бораи маҳдудкунии партови газ­ҳои гулхонагӣпротоколи Ки­от», 1997); дар соҳаи ҳифзи гуногуншаклиҳои биологӣ — Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои рустаниҳои худрӯй ва ҳайвоноти ваҳшие, ки ба онҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад (1973), Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои кӯ­чии ҳайвоноти ваҳшӣ (1983), Кон­вен­сия оид ба гуногуншаклиҳои био­ло­гӣ (1992); дар соҳаи ҳифзи систе­ма­ҳои экологӣ — Конвенсия оид ба бот­лоқзорҳое, ки асосан ба сифати макони зисти парандаҳои обӣ аҳаммияти байналмилалӣ доранд (1971), Конвенсия оид ба ҳифзи мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ (1972), Конвенсия оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (1994); дар соҳаи ҳифзи муҳити баҳрҳо — Конвенсия оид ба тан­зими китсайдкунӣ (аз соли 1948 амал мекунад), Конвенсия оид ба ҳифзи му­ҳити баҳрии баҳри Балтика (1974), Кон­венсияи СММ оид ба ҳуқуқи баҳрӣ (1982), Конвенсия оид ба ҳифзи баҳри Сиёҳ аз ифлосшавӣ (1992) ва ғ. ЮНЕСКО барои муҳофизати системаҳои экологии хеле боарзиш ва нодир шабакаи ҷаҳонии парваришгоҳҳо ва объектҳои Мероси умумиҷаҳониро ташкил мекунад.

 

Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон.