Activities calendar

26 октября 2021

Covid-19: Мавҷи нав ва изтиробангези сироят дар Аврупои Шарқӣ. Чин ҳамватанони сироятшуда ба коронавирусро ба Пекин роҳ намедиҳад

Бино ба гузорише, ки ахиран ВВС интишор дод, Британияи Кабир дар суръати афзоиши сироят ба  Covid-19 аз ҳама давлатҳо пешӣ гирифтааст, вале ҳукумати ин кишвар талоше барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав надорад. Мавҷи нави сироят ба коронавирус кулли давлатҳои Аврупои Шарқиро фаро гирифтааст. Ин аслан ҳамин  мамолике мебошанд, ки ба теъдоди камтар аз дигарон аҳолиашон воксан гирифтаанд.

Дар садамаи ду мошин чор нафар ҳалок шуданд. ВКД низ аз ҳалокати се нафари дигар дар ду садама хабар дод

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз як садамаи мудҳиши мошин дар шоҳроҳи Бохтар-Данғара хабар дод. Ин ҳодиса рӯзи гузашта соати 13:46 дар километри 44-уми роҳи ёдшуда рух додааст.

Бино ба ин гузориш мошини тамғаи “Опел-астра”, ки аз...