COVID-19: Шумори ҷонбохтагон дар олам ба 5 миллион нафар наздик мешавад
Чоп шуд: 20/10/2021 | redaktorШумори гирифторони коронавирус дар олам ба 242 миллиону 291ҳазору 693 нафар расидааст. Аз аввали пандемия дар ҷаҳон 4 миллиону 928 ҳазору 042 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳамоно ИМА, Ҳинд, Бразилия дар сегонаи кишварҳое мебошанд, ки теъдоди бештари сироятёфтагон ба ин вирус доранд. Аз аввали ҳамагирӣ то кунун дар олам 6 миллиарду 617 ҳазору 986 дозаи ваксинаи зидди коронавирус тақсим карда шудааст.