Activities calendar

07 октября 2021

Вазъи сироят ба коронавирус дар кишвар ва хориҷ аз он

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба  236 миллиону 020 ҳазору  305 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯзи гузашта боз 421 170 нафар ба ин ҷамъ пайвастаанд. Аз марги 4 миллиону 838 ҳазору 850 нафар аз аввали ҳамагирӣ хабар дода мешавад. Зарфи 24 соати гузашта боз 7605 нафар фавтиданд.  Шумори муолиҷашудагон 214 миллиону 157 ҳазору 686 нафар гуфта шудааст.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардиҳо ва борону барфи рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз пагоҳ, 8-уми октябр то 11 октябри соли 2021 дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст, дар баъзе ноҳияҳо шамол дар як сония аз 7 то 12 метр хоҳад вазид. Дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 3000 м) борон ба тадриҷ ба барфи тар мубаддал мешавад.