COVID-19: Русия дар остонаи эълони локдауни нав
Чоп шуд: 25/10/2021 | redaktorАз имрӯз, душанбе, 25-уми октябр дар шаҳри Москав маҳдудиятҳои нав барои пешгирӣ аз авҷи бесобиқаи сироят ба коронавирус ҷорӣ мешаванд. Ба сабаби авҷи гирифторӣ ба Covid-19 қарор аст аз рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Русия локдауни нав эълон шавад. Бино ба фармони шаҳрдори Москав Сергей Собянин аз имрӯз шахсони болотар аз синни 60 ва ҳамаи онҳое, ки бемориҳои куҳна доранд, бояд аз хона берун нашаванд.