Аз имрӯз, душанбе, 25-уми октябр дар шаҳри Москав маҳдудиятҳои нав барои пешгирӣ аз авҷи бесобиқаи сироят ба коронавирус ҷорӣ мешаванд. Ба сабаби авҷи гирифторӣ ба Covid-19 қарор аст аз рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Русия локдауни нав эълон шавад. Бино ба фармони шаҳрдори Москав Сергей Собянин аз имрӯз шахсони болотар аз синни 60 ва ҳамаи онҳое, ки бемориҳои куҳна доранд, бояд аз хона берун нашаванд. Ин маҳдудяитҳо муддати 4 моҳ, аз 25-уми октябр то 25-уми феврали соли 2022 идома хоҳанд кард.
Ин маҳдудиятҳо ба касоне, ки пурра худро эм кардаанд ва зарфи шаш моҳи ахир гирифтори Covid-19 будаву шифо ёфтаанд, дахл надорад.
Ҳамчунин тибқи фармони Собянин 30% кормандони муассисаҳо ба кори фосилавӣ хоҳанд гузашт.
Ҳамчунин сар аз имрӯз дар шаш минтақаи Русия: вилоятҳои Самара, Нижегород, Новгород, Воронеж, Курск ва кишвари Перм рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шуданд.
Аммо аз 28-уми октябр то 7-уми ноябри соли равон дар шаҳри Москав локдауни нав эълон мегардад. Ҳамаи мағозаҳо, тарабхонаҳо ва дигар муассиаҳои хидматрасонӣ баста мешаванд. Дар мактабҳо таътил эълон мешавад. Ин гуна маҳдудиятҳо эҳтимолан дар дигар минтақаҳои Русия низ ҷорӣ мешаванд.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 35 660 ҳодисаи нави гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии мубталоён ба 8 миллиону 241 ҳазору 643 нафар расид.
Дар ҳамин ҳол Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумораи сироятшудагон ба COVID-19 дар оламро 244 миллиону 506 ҳазору 698 нафар ва фавтидагонро 4 миллиону 965 ҳазору 586 нафар эълон намуд.
Кишварҳое, ки теъдоди бештари сироятшудагон доранд:
ИМА – 46 294 927 / 756 343;
Ҳинд - 34 189 484 / 454 743;
Бразилия - 21 729 763 / 605 682;
Британияи Кабир - 8 773 674 / 139 533;
Русия - 8 241 643 / 230 600.
Шумори мубталоён дар Украина ба 2 769 405 нафар расид ва 63 872 нафар фавтиданд.
Ҳинд эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта 14 641 гирифтори нав ба КОВИД-19-ро ба қайд гирифтааст ва шумори умумии мубталоён дар ин кишвар аз 34 миллион боло рафтааст. 454 743 нафар бар асари ин беморӣ даргузаштаанд.
Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон аз шаҳрвандони кишвараш даъват намуд, ки дар гирифтани дозаи сеюми ваксина таъхир накунанд. “Ваксинаҳо ба мо кумак хоҳанд кард, ки мо зимистонро хуб пушти сар кунем, мо медонем, ки ҳимояи ваксинаҳо баъди гузашти ним сол ба заъф мегароянд”,-гуфт ӯ.
Аз 18 то 22 октябри соли равон дар Олмон аз 100 ҳазор нафар 100 нафар гирифтори коронавирус шудаанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳукумати Олмони Федерол истинодан ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи ба номи Роберт Кох хабар дод.
Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 1 677, дар Қирғизистон 96 ва дар Ӯзбекистон 388 нафар сироятшудагони нав ба COVID-19 сабт шудаанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар Қазоқистон 928 211, дар Қирғизистон 180 563 ва дар Ӯзбекистон 183 569 нафар ба COVID-19 мубтало шудаанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.