Activities calendar

01 октября 2021

Пирӯзии навбатии волейболбозони КҲФ

Ин ҳафта даври навбатии бозии волейбол миёни дастаҳои вазоратҳо ва идораҳо ба анҷом расид, ки тими идораи наҷот кишвар низ дар он ширкат дошт.

Ин мусобиқаҳои варзиши бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд ва даври навбатии он дар толори варзиши Муассисаи давлатии мактаби махсуси захираҳои олимпии №5 баргузор шуд.

Наҷоти 7 нафар дар як лифти харобшуда. Дар дувуним сол имдодгарони Кумита 63 нафарро дар лифтҳои вайрон наҷот додаанд

1 – уми октябри соли 2021 як сокини шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки дар як бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Синои пойтахт лифт аз кор мондаву дохили он 7 нафар мондаанд ва ҳеч илоҷи баромадан надоранд.
Дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Диққат: Озмун!!!

Телевизиони «Баҳористон» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, бахшида ба Рӯзи байналмилалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ки ҳар сол  - 13 октябр ҷашн гирифта мешавад, Озмуни телевизионии расмҳои...