Телевизиони «Баҳористон» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, бахшида ба Рӯзи байналмилалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ки ҳар сол - 13 октябр ҷашн гирифта мешавад, Озмуни телевизионии расмҳои кӯдаконро таҳти унвони «Танҳо дар якҷоягӣ мо сайёраи худро наҷот медиҳем» эълон менамояд!
Дар озмун кӯдакону наврасони синни 5 то 16 сола интихоби ширкат варзиданро доранд.
Дар расмҳо, мавзӯъҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ (обхезӣ, заминҷунбӣ, ярч, сел) ва садамаю фалокатҳои техногенӣ, инчунин пешгирии пандемия, наҷоти ҳаёти одамон бояд дарҷ гарданд.
Расмҳои ранга ва аксҳои сиёҳу сафед ва ё ранга дар қоғазҳои формати А4,А3 бояд пешниҳод карда шаванд. Дар қафои расму аксҳо бояд ному насаб, синф, мактаб, ноҳия ва шаҳр, нишонии ҷойи истиқомат ва рақами телефонҳои волидайн барои тамос дарҷ карда шаванд.
Қабули расмҳо ва аксҳо аз санаи 25 сентябр то 8 октябр.
Шумо метавонед расмҳои тасвир намуда ва аксҳои гирифташудаи худро ба суроғаи мо: ш.Душанбе, кӯчаи Шероз 31, телевизиони «Баҳористон» ирсол намоед.
Маълумоти бештар бо рақами 221-95-24.