Activities calendar

15 октября 2021

Аввалин анбори молҳои ғайриғизоӣ барои ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон ба истифода дода шуд (ВИДЕО)

14 октябри соли 2021 дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо ва татбиқи лоиҳаи “Таҳкими иқтидори коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш” миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷопон дар ҶТ ва Барномаи Рушди СММ, ки соли 2016 имзо шудааст, дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи аввалин анбори молҳои...

Паёми шодбошии Пешвои муаззами миллат ба муносибати ҷашни Меҳргон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бостонии Меҳргон, ки мероси гаронбаҳои маънавии ниёгонамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ҷашни Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор аз ҷумлаи ойинҳои бисёр арзишманде мебошад

Сардори Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ - кӯҳӣ дар шаҳри Роғун Хайруллозода Н.Х.

Бо дарназардошти аҳамияти чорабиниҳои пешгирикунанда ва огоҳкунанда дар иншооти фаъол дар ҳайати ташкилотҳои системаи Кумита ҳамчунин Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳӣ дар шаҳри Роғун (минбаъд Хадамоти ХҶҲНК дар шаҳри Роғун) дар манотиқи марказӣ ва ҷанубии кишвар барои хизматрасонӣ дар сохтмон ва истифодабарии нақбу туннелҳои иншоотҳои гидротехникию нақлиётӣ фаъолият менамояд.

Хадамоти ХҶҲНК дар шаҳри Роғун соли 2017 баъд аз такмили сохтори Кумита таъсис дода шуд.