Activities calendar

16 октября 2021

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ифшои ду бемори гирифтори коронавирус хабар дод

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми дирӯз аз ошкор шудани ду бемори гирифтори COVID-19 хабар дод. Ин  манбаъ ҳамчунин гуфт, ки  “аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз  дар кишвар 17086 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16960 нафар  шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд”.

Идомаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Раёсати Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба рӯзи коҳиши хавфи хатар аз офатҳои табиӣ рӯзи дарҳои боз баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30-юми ҷамоати деҳоти Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.

Семинари машваратии арзёбиҳои иқтидори системаи идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ (UNDRR ROECA) семинари машваратӣ оид ба арзёбии иқтидори системаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон баргузор намуд.

Дар семинар шумораи зиёди ҷонибҳои манфиатдор ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҷалб шудаанд.