Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба рӯзи коҳиши хавфи хатар аз офатҳои табиӣ рӯзи дарҳои боз баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30-юми ҷамоати деҳоти Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.
Чорабиниро сардори Шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат подполковник Холмаҳмад Холов бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуд. Подполковник Муҳиддинхон Абдусамадов ҳадафи роҳандозии рӯзи дарҳои бозро фаҳмонд ва ҳамзамон дар мавриди Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо суханронӣ намуд.
Баъдан хонандагон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда дар синфхонаи махсус барои наҷотдиҳандагон машғулиятҳои махсуси наҷотдиҳӣ аз ҷумла пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда, амал ҳангоми сар задани ҳодисаҳои нохуш, ғарқшавӣ, худнаҷотдиҳӣ ва наҷот додани атрофиён бо расонидани ёрии аввалини тиббиро аз худ намуданд.
Дар ҳавлии Раёсат автомошинаи махсуси наҷотдиҳӣ, таҷҳизоту лавозимоти махсус ба намоиш гузошта шуданд ва имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд онҳоро ба хонандагон шинос карданд.
Ш.Бутаева