Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ (UNDRR ROECA) семинари машваратӣ оид ба арзёбии иқтидори системаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон баргузор намуд.
Дар семинар шумораи зиёди ҷонибҳои манфиатдор ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҷалб шудаанд.
Тӯли солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани иқтидори кишвар дар самти идораи хатари офатҳо ва иҷрои уҳдадориҳои худ дар доираи Барномаи қолабии Сендай дар масъалаи коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030 (SFDRR) корҳои зиёдеро анҷом дод. Тоҷикистон соли 2019 Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табииро таҳия намуд, ки дар он дидгоҳ ва уҳдадориҳои кишвар дар коҳиши хатари офатҳо дар даҳсолаҳои назик ифода шудааст.
Ҳадафи семинар дар Душанбе баррасӣ ва муайян кардани ниёзҳо ва афзалиятҳои тақвияти идоракунии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ҷалби таваҷҷӯҳи иштирокчиёни ҶТ ва дастгирии талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли хатари офатҳои табиӣ ва бартарафсозии паёмадҳои он мебошад.
Полковник Ҷамшед Камолов, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ чун нозир барои таъмини рушди устувор бар пояи талаботҳои SFDRR чораҳои пуртаъсир меандешад.
Ҷаноби Ҷизеппе Аристей, намояндаи Иттиҳоди Аврупо гуфт: "Қобилияти системаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ барои ҳифзи мардум ва муҳити атроф аз қобилияти мутобиқ шудан ба чолишҳои нави муҳити зисти мо вобаста аст. Зарфи солҳои гузашта Тоҷикистон то ҳадде иқтидори идораи хатарҳоро тақвият дод. Чорабинии имрӯза ба такмили минбаъдаи он чизе равона шудааст, ким о алҳол дорем».
Ҷаноби Абдураҳим Муҳидов, Ҳамоҳангсози барномаҳои минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ зикр намуд: "Системаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ дар сурати дастгирӣ, аз ҷумла технологияҳо, равишҳо ва сармоягузориҳои нав самаранок хоҳад буд. Ҳамкории байналмилалӣ дар ин кор муҳим аст."
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён бо методология ва раванди арзёбӣ ва банақшагирии иқтидори системаи идораи хавфи офатҳои табиӣ шинос шуданд, баҳодиҳии инфиродии сатҳи рушди онро мувофиқи ҳафтод меъёри арзёбии системаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ муаррифӣ карданд ва пешниҳодҳои худро барои рушди минбаъдаи ин иқтидор пешниҳод намуданд.
Илова ба корҳои арзёбии тавонмандӣ, семинар инчунин дастовардҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо, тавсеаи ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ кард. Лоиҳаи Стратегияи минтақавии коҳиши хатари офатҳо барои Осиёи Марказӣ ва инчунин натиҷаҳои аввалини арзёбии онлайни Стратегияи коҳиши хатари офатҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.
Барнома дар бораи чорабиниҳо дар доираи Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва ҷоизаи ғолибони озмуни видеои онлайнро бахшида ба ин рӯзро низ дар бар гирифт.