Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми дирӯз аз ошкор шудани ду бемори гирифтори COVID-19 хабар дод. Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, ки “аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17086 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16960 нафар шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд”.
Дар идомаи хабари худ Вазорати тандурустӣ гуфтааст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.
Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.