14 октябри соли 2021 дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо ва татбиқи лоиҳаи “Таҳкими иқтидори коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш” миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷопон дар ҶТ ва Барномаи Рушди СММ, ки соли 2016 имзо шудааст, дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи аввалин анбори молҳои ғайриозуқаворӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон дар сурати ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳ Раиси КҲФ, генерал-полковник Рустам Назарзода, Намояндаи доимӣ ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такаюки Мияшита, раиси ноҳияи Кушониён Вализода Икромиддин, роҳбарон ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар иштирок намуданд.
Анбор дар ҳолати офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда имкон медиҳад, ки фавран одамоне, ки хона ё амволи худро аз даст додаанд, ҳадди ақал ашёи зарурӣ: қуттиҳои ёрии аввалия, зарфҳо барои оби нӯшокӣ, бастаҳои беҳдоштӣ, кӯрпаву болиштҳо, зарфҳо барои ошхона таъмин карда шаванд. Ин имкон медиҳад, ки ба зарардидагон хеле ба зудӣ ёриҳои аввалия ва ашёи ниёзи аввал зудтар ва дар дақиқаҳои башумор расад.
Дар ин анбор 63 номгӯ молҳо барои 150 оила мавҷуд аст, ки 60% онҳо барои бонувон ва кӯдакон мебошанд. Ин анбор дар масоҳати 60 сотих замин сохта шудааст.
Рустам Назарзода зимни суханронии худ дар шарикони байналмилалӣ барои ёрӣ изҳори сипос кард ва таъкид намуд, ки ҳама талоши Ҳукумати кишвар ба ёрии саривақтӣ ба аҳолии ниёзманд равона шудааст.
Намояндаи доимӣ ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такаюки Мияшита низ зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ идома хоҳанд дод.