Сардори Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ - кӯҳӣ дар шаҳри Роғун Хайруллозода Н.Х.

Бо дарназардошти аҳамияти чорабиниҳои пешгирикунанда ва огоҳкунанда дар иншооти фаъол дар ҳайати ташкилотҳои системаи Кумита ҳамчунин Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳӣ дар шаҳри Роғун (минбаъд Хадамоти ХҶҲНК дар шаҳри Роғун) дар манотиқи марказӣ ва ҷанубии кишвар барои хизматрасонӣ дар сохтмон ва истифодабарии нақбу туннелҳои иншоотҳои гидротехникию нақлиётӣ фаъолият менамояд.

Хадамоти ХҶҲНК дар шаҳри Роғун соли 2017 баъд аз такмили сохтори Кумита таъсис дода шуд.

Хадамоти ХҶҲНК дар шаҳри Роғун сохтори махсусгардонидашудаи давлатӣ буда, бо тартиби муқараргардида хизматрасонии наҷотдиҳии кӯҳиро дар иншооти саноати кӯҳкорӣ, сохтмон ва  истифодабарии нақбҳо, иншооти гидроэнергетикию гидротехникӣ,  инчунин дигар иншооти шаклҳои гуногуни моликият, ки корҳои кӯҳӣ мегузаронанд ва ё коркардҳои кӯҳии зеризаминӣ доранд, амалӣ менамояд.

Ҳоло ХҶҲНК дар шаҳри Роғун яке аз як взводи наҷотдиҳии кӯҳӣ ва 3 бунгоҳи наҷотдиҳӣ иборат аст. Хадамоти ХҶҲНК  дар шаҳри Роғун бехатарии гузаронидани корҳоро дар иншооти гидротехники НБО -и Роғун таъмин менамоянд.