Наҷоти 7 нафар дар як лифти харобшуда. Дар дувуним сол имдодгарони Кумита 63 нафарро дар лифтҳои вайрон наҷот додаанд

1 – уми октябри соли 2021 як сокини шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки дар як бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Синои пойтахт лифт аз кор мондаву дохили он 7 нафар мондаанд ва ҳеч илоҷи баромадан надоранд.

Дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба макони ҳодиса сафарбар шуд. 

Наҷотдиҳандагон дар дақиқаҳои башумор бо ёрии таҷҳизоти махсус дарро боз карданд ва одамони дохили онро, ки ҳамагӣ сокинони ҳамин бино буданд, аз дохили лифт берун оварданд. Ҳамзамон наҷотёфтагонро духтурон муоина карданд ва ҳеч нафаре ба кумаки тиббӣ ниёз надошт.

Сокинони ин бино ва бахусус наҷотёфтагон ба кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе барои вокуниши фаврӣ ва кумаки сареъ изҳори сипос намуданд. 

Аз соли 2019 то шаш моҳи соли соли равон 29 ҳодисаи кумак ба боз кардани дарҳои лифтҳои вайроншуда ба қайд гирифта шуданд ва имдодгарони КҲФ 63 нафарро наҷот доданд.

барчасп: