Пирӯзии навбатии волейболбозони КҲФ

Ин ҳафта даври навбатии бозии волейбол миёни дастаҳои вазоратҳо ва идораҳо ба анҷом расид, ки тими идораи наҷот кишвар низ дар он ширкат дошт.

Ин мусобиқаҳои варзиши бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд ва даври навбатии он дар толори варзиши Муассисаи давлатии мактаби махсуси захираҳои олимпии №5 баргузор шуд.

Тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастаҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бозӣ кард.

Бозиҳо басо шавқовару диданӣ гузаштанд. Дастаи волейбозони КҲФ ҳарду тимро ба ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. 

Ба варзишкорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комёбиҳояшон ва дастовардҳояшон муваффақият хоҳонем.

барчасп: