Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб як сислсила омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ гузарониданд.
Ин омӯзишҳо дар мавзӯъи “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия” муддати се рӯз идома дошт.
Машқҳои маҷмӯъӣ таҳти роҳбарии сардорони мудофиаи гражданӣ - раисони минтақаҳои дар боло зикршуда бо иштироки бевоситаи афсарони масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, намояндагони комиссияҳои минтақавии мудофиаи гражданӣ, раисони ҷамоатҳои ноҳияҳо гузаронида шуданд.
Дар ҷараёни машқҳо масъалаҳои омодагии мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, қувва ва воситаҳо ҳангоми сел, ярч, заминларза ва интиқоли аҳолии осебпазир ба манотиқи амн тамрин шуданд.
Дар ҷараёни тамринот сатҳи омодагии аҳолӣ ба муҳофизат аз сел, ярч, заминларза мавриди коркард қарор гирифт, омодагии нерӯву воситаҳои мақомоти вилоят дар рафъи ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ гардид.
Гайр аз ин, мудофиаи гражданй ба ҳолати омодабош оварда шуд. Дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ системаи огоҳсозии фаврии аҳолӣ аз рўй додани ҳолати фавқулодда ё таҳдиди он санҷида шуда, корҳои ҳифзи соҳилҳо гузаронида шуданд.