Ёрии башарии Ҷумҳурии Белорус ба Тоҷикистон (ВИДЕО)

25 октябри соли 2021 бар асоси Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Белорус  ва ҳамоҳангии умумии Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои башарӣ расиданд. Ин кумакҳо иборат аз электрогенераторҳо, хаймаҳо, маводи ғизоӣ, доруворуҳо иборат буданд ва дар маҷмуъ 40 тоннаро ташкил медиҳанд.

Бори башардӯстонаро ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Белорусия бо сарварии ҷонишини вазир генерал-майори хизмати дохилӣ Александр Худолеев ба Душанбе расонданд.

Ҳайати Белорусияро дар фурудгоҳи “Айнӣ” ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода пешвоз гирифт.

 
Вай ба ҷониби Белорусия барои кумакаш ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва ҳамкориҳо миёни КҲФ Тоҷикистон ва ВҲФ Белорусияро дар самти пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода баланд арзёбӣ кард.