Шумори гирифторони коронавирус дар олам ба 242 миллиону 291ҳазору 693 нафар расидааст. Аз аввали пандемия дар ҷаҳон 4 миллиону 928 ҳазору 042 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳамоно ИМА, Ҳинд, Бразилия дар сегонаи кишварҳое мебошанд, ки теъдоди бештари сироятёфтагон ба ин вирус доранд. Аз аввали ҳамагирӣ то кунун дар олам 6 миллиарду 617 ҳазору 986 дозаи ваксинаи зидди коронавирус тақсим карда шудааст.
Теъдоди гирифторон ба COVID-19 дар Русия аз 8 миллион гузаштааст. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта 33 740 ҳодисаи сироят ба ин вируси кушанда сабт шудааст. Аз аввали пандемия то ба имрӯз 225 325 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Олмон аз сирояти 4 миллиону 410 ҳазору 330 нафар ба COVID-19 хабар дод. Шумори ҳалокшудагон аз ин беморӣ 95 588 нафар эълон шудааст.
Австрия гуфтааст, ки аз COVID-19 дар ин кишвар то кунун 11196 нафар фавтидаанд ва шабонарӯзи гузашта 16 ҳодисаи марг бар асари ин бемориро кашф кардаанд.
Шумори фавтидагон аз COVID-19 дар Британияи Кабир 138 852 нафар эълон шудааст.
То ба имрӯз дар Туркия 7 714 379 ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст ва аз ин беморӣ 68 060 нафар ҷон бохтаанд. Дар беморхонаҳои ин кишвар 633 нафар ҳоли вазнин доранд.
Покистон аз сирояти 1 266 650 нафар аз аввали ҳамагирӣ хабар додааст. То кунун аз COVID-19 дар ин кишвар 28 300 нафар фавтидаанд.
Дар Ӯзбекистон шумори гирифторон ба COVID-19 ба 181 654 нафар ва дар Қазоқистон ба 919 533 нафар расидааст. Аз ин беморӣ дар Ӯзбекистон 1 292 ва дар Қазоқистон 11 797 нафар ҷон бохтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дода, ки шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи гирифторӣ ва марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар хабари ахири ин вазорат гуфта мешавад, ки “новобаста ба ин, назорати эпидемиологии бемории COVID-19 дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ба таври мунтазам идома ёфта, рафту омади шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ба қаламрави мамлакат таҳти назорати қатъӣ қарор дорад”.