Заминларза дар соҳилҳои Ҷопон киштиҳоеро аз қаъри об берун овард, ки даҳсолаҳо пеш ғарқ шуда буданд

Як заминларза дар соҳилҳои Ҷопон киштиҳоеро аз қаър ба рӯи об баровард, ки даҳсолаҳо пеш ғарқ шуда буданд. Онҳо замоне дар муҳорибаи Иводзим аз ҷониби нерӯҳои армикоӣ ба асорат гирифта шуда буданд ва баъдан ғарқ гардиданд. Даҳсолаҳост, ки дар қаър қарор доштанд.

Daily Mail навишт, ки ҳоло дар соҳил 24 киштии шикастаи барҷаста аз қаъри об дида мешавад. Навори видеоие, ки аз ҳаво наворбардорӣ шудааст, дар шабакаи телевизионии All Nippon News намоиш дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин киштиҳоро дар замони муҳорибаи Иводзим нерӯҳои амрикоӣ ғасб карда буданд ва ба сифати мавҷшикан истифода мекарданд.

Набарди Иводзим охирҳои Ҷанги ҷаҳонии дуюм байни нерӯҳои дарёии ИМА ва Ҷопон  анҷом шуд ва Амрико ба пирӯзӣ даст ёфта буд. 

барчасп: