Дар садамаи ду мошин чор нафар ҳалок шуданд. ВКД низ аз ҳалокати се нафари дигар дар ду садама хабар дод

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз як садамаи мудҳиши мошин дар шоҳроҳи Бохтар-Данғара хабар дод. Ин ҳодиса рӯзи гузашта соати 13:46 дар километри 44-уми роҳи ёдшуда рух додааст.

Бино ба ин гузориш мошини тамғаи “Опел-астра”, ки аз ҷониби Маҳмадшариф Исмоилов, як сокини 31-солаи деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб идора мешуд, ба мошини тамғаи “Мерседес-бенс”-и Рустам Раҷабови 27-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Баҳори ноҳияи Кушониён бархӯрдааст.

 Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-астра” Исмоилов Маҳмадшариф, бародари ӯ Ҷумъахон Исмоилов ва як нафар мусофири дигари ин мошин, ки шахсияташ айни замон номаълум аст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Имдодгарони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати  КҲФ дар вилояти Хатлон соати 13:59 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, ҷасади мусофири автомашинаи “Мерседес-бенс”, шаҳрванд Нуралиев Саъдуллоро, ки ӯ низ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд, аз дохили автомашина бароварда, ба мақомотҳои дахлдор супориданд.

Сабаби ин садама таҳқиқ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилӣ низ аз ду садамаи дигар дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар додааст, ки рӯзи 24-уми октябри соли 2021 рух додааст. Дар хабари ин ду ҳодиса омадааст, ки тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Раҳимзода Абдусаттор Қаҳҳор, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Мастчоҳ-Хуҷанд”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ҳамрободи ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада автомашинаро чаппа намудааст. Дар натиҷа, ронанда Раҳимзода А.Қ. ва мусофираш Раҳмонова Муҳайё Низомиддиновна, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин 24-уми октябри соли 2021, тахминан соати 12:30- дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», Шарифзода Фахриддин Саттор, соли таваллудаш 2002, сокини деҳаи Қалъаи-Нави шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи 3-юми деҳаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Файзуллоева Ойша, соли таваллудаш 2020, сокини ҳамин деҳаро пахш намудааст.
Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш хӯрдсол, Файзуллоева О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Мутаассифона ронандагон ба қоидаҳои бехатарӣ диққат намедиҳанд ва аксари ин гуна садмаҳои маргбор бар асари ронандагӣ бо суръати баланд рух медиҳанд. 

барчасп: