Моҳигири бузурги бебол: Мудҳиштарин фоҷеае, ки ба дасти инсон анҷом шудааст

Дар ибтидои таърихи миллати аврупоӣ ин парандаҳо қариб дар ҳамаи соҳилҳои баҳрҳо, аз ду ҷониби қисмати шимолии уқёнуси Антлантик зиндагонӣ мекарданд. Дар қисмати ғарбии он аз Гренландия ва Нюфаундленда то Флорида, дар қисмати шарқӣ аз Исландия ва Скандинавия то навоҳии соҳилии Испания онҳоро дидан мумкин буд. Дар давраи яхбандии бузург, тахминан 60 ҳазор сол пеш аз ин моҳигирони бебол ё худ ӯрдаки қутбӣ ҳатто дар ҷануби Италия мезистанд. Аммо он замон иқлим аз имрӯз ҳам сардтар буд.  Зимистон ва дар замонҳои ғайрилонавӣ ӯрдакҳои бузургҷусса (қадашон баробар ба қади қозҳо буд!), ки илм онҳоро бо номи Pinguinus impennis ёд мекунад, дар баҳрҳо ва каронаи баҳрии кишварҳои гуногун шино мекарданд. Аммо баҳорону тобистонҳо онҳо дар ҷазираҳои серхарсанги Шимол- дар соҳилҳои Исландия ҷамъ меомаданд.

Вақте киштиҳои баҳрнавардон ба соҳилҳои пур аз ӯрдакҳои бебол наздик мешуданд, онҳо бидуни ҳарос ва куҷковона маллоҳонро истиқбол мегирифтанд. Ин парандаҳо бошарафона сарҳои худро боло бардошта, бо гурӯҳҳои бузург оромона маллоҳонро мунтазир мешуданд, ба мисли он ки онҳо аъзои баландпоя ва муҳтарами ҳайате бошанд, ки меҳмонони олиқадрро пешвоз мегиранд.
Вале одамон ба ин ҳад муаддабу бо эҳтиром набуданд: онҳо бо чӯбдастҳо мусаллаҳ шуда, ба ин парандаҳои хушбовар ҳамла меоварданд ва онҳоро бешармона латукӯб мекарданд. Ӯрдакҳои фиребхӯрда аз ин ҳолат ба ваҳшат уфтода, басо беҳимояву бемуттако ин сӯ он сӯ медавиданд, охир онҳо боли парвоз надоштанд ва наметавонистанд аз ин ваҳшиён ҷонашонро ба осонӣ раҳонанд.
Ин боровартарин ва муваффақтарин шикори одамиён дар ин манотиқ буд. Жак Картйе “роҳзани баҳрии хушҳол” ва муҳаққиқ Лабрадора дар хотироташон навиштаанд, ки чӣ гуна дар як рӯз аз ҷой наҷунбида маллоҳон беш аз ҳазор “пингвинҳои шимолиро” куштанд! Ва идома медиҳад, ки дар соҳили муқобил онҳо боз зинда монданд, зеро чил шлюп (киштии сесутунаи асрҳои 18-19) аз онҳо пур шуда буд.

 

Охирин насли ӯрдаки бебол


Дар Аврупо ӯрдакҳои бебол камтар аз Лабрадор набуданд. Дар ин ҷо “Ҷазираи пингвингҳо” (онро Гаерфугласкер низ меномиданд) маъруф буд, ки ҷойи асосии шикори корхонадорони исландӣ маҳсуб мешуд. Дар солҳои ҷанги Наполеон дар Исландия ва дар “Ҷазираи пингвинҳо” ҳатто аз Аврупо киштиҳои бузурге меомаданд.
Соли 1813 маллоҳон аз киштии бодбонии “Ферос” қариб ҳамаи ӯрдакҳои беболро дар Гаерфугласкер куштанд. Киштиро бо тухм (ин замоне, ки онҳо ҷӯҷа мебароварданд) ва ҷасади ин ҷонварон пур карданд ва бисёр тухмҳоро зери по  нобуд сохтанд.

Ғарами парандаҳои мурда дар соҳил бӯ гирифт: дар баҳр тӯфон сар шуд ва маллоҳон дубора натавонистанд ба соҳил фурӯд оянд ва сайди боқимондаи худро баранд.
Охирин саҳифаи таърихи фоҷеабори ин ҷонварони беболи номурод бо дахолати бебоконаи колликсионерҳо навишта шуд. Моҳигири азимҷусса ба ҳайвони нодир табдил шуд. Барои тухм ва пӯсти вай осорхонаҳо ва дӯстдорон пулҳои зиёд пардохт мекард. Ҳар пӯсти ӯрдаки бебол аллакай сад крон арзиш пайдо карда буд. Ин арзиши ҳамаи он парандагоне буд, ки замоне дар як киштӣ ҷобаҷо карда мешуданд. Вале пайдо кардани ин миқдор пул ҳам чандон осон набуд. Дар ҳама ҷо ӯрдакҳоро калтаккӯб мекарданд ва акнун аз онҳо танҳо хотираҳо монданду дигар ҳеч. Онҳоро акнун танҳо дар Исландия метавонистанд пайдо ва шикор кунанд. Ба ҷазираи хурдакаки Элди-Роки Исландия як капитани исландӣ як шаби тираи соли 1844 киштии худро пинҳонӣ равон кард. Каме пештар аз ин ду парандаи хаста ба соҳили серхарсанги Элди-Рока боло шуданд. Онҳо муддати хеле дурудароз дар баҳри гоҳ тӯфониву гоҳ ороми уқёнуси Атлантик шино карданд ва ҳазорҳо мил роҳро тай намуданд ва аз арзи Шимоли гарм ба ватани худ баргаштанд, то дар ин ҷазираи хурдакак як ва ягона тухми худро гузоранд – ин таомулу одати ӯрдакҳои бебол буд, ки дар зодбумашон насл афзоиш медоданд. Парандаҳо ва каси дигаре ҳам дар ин олами ноамну ноором намедонист, ки ин ду ва он як дона тухм охирин насли ин парандаи зебост ва баъди ин дар Замин дигар нишоне аз онҳо намемонад. Инҳо буданд, ки имкони идома додани насл доштанд. Вале афсӯс...

Онҳо ба соҳил расиданд, ҷойи муносибу мувофиқ ёфтанд ва тухми ягонаро гузоштанду бо меҳр онро гарм карданд. Субҳ заврақ бо се белзан ба соҳили Элди-Рока расид. Заврақронҳо аз он берун шуданд ва ҳарисона ба атроф чашм давонданд. Бо пошнаи мӯзаҳои худ лонаро пахш карданд. Ба сони ваҳшиён мурғони нодирро меҷустанд. Ва ниҳоят ҳардуро пайдо карданд ва куштанд. Тухмро низ ёфтанд, вале он кайҳо зери ояшон шикаставу нобуд шуда буд. Аз он замон то кунун дар ягон гӯшаи олам касе дигар ин ҷонвари беболро дучор наёмад.

Инсон ваҳшиёна насли як парандаи зеборо аз миён бурд.  Ҳоло ҷисми беҷону боқимондаи аҷсоди онҳо болотар аз тилло арзиш дорад. Барои пӯчоқи тухми ӯрдакҳои бебол коллесионерҳо ва осорхонаҳо то 600 фунт ва барои пӯсти онҳо 20 ҳазор фунт стерлинг пардохт мекунанд. Ин арзиши як мошини дараҷаи олист!

Расме, ки мебинед, пайкараест, ки барои ин моҳигири бебол сохтаанд.