«Захмҳо – як захми тоза дар китфи рост; як захми куҳан дар болиштаки пойи чапи ақиб, дар ҳамон пой қисми ангӯшт ва нохун намерасад; якчанд захми жарф ва чанд захми дигари шифоёфта дар дум; як захми қисман шифоёфта дар зонуи буғуми пойи чапи ақиб”, - ин тасвирест, ки соли 1926 шикорчӣ Ҷимм Корбетт рӯйи коғаз овардааст.
Ин дар бораи паланге аз Рудрапраяга (Ҳинди Шимолӣ.Воқеъ дар иёлоти Уттороканди имрӯза). Мегӯянд он 125 одамро куштааст. Муддати 8 сол вай дар майдони бештар аз 500 метри мураббаъ одамонро террор мекард. “Захми тоза дар китфи рост” ба таври ҳамешагӣ ба ин силсилаҷиноятҳои вай поён дод.
Вай дастгирнашаванда ва ниҳоят бераҳм буд. Баъзеҳо ба ин бовар буданд, ки иблис аст, ки дар симои паланг худро дароварда. Он солҳо вай хеле машҳур шуда буд, қариб ҳамаи нашрияҳои олам хабарҳо дар бораи корномаҳои ин паланги бераҳмро чоп мекарданд.
Сари роҳаш қапқонҳо мегузоштанд ва тирҳои камонғӯлак мемонданд. Сӯяш аз милтиқи суфтамил тир холӣ мекарданд, бо марги муш заҳролуд мекарданд. Вале он аз ин ҳама ҷон ба саломат мебурд, аз қапқонҳо берун меҷаст, пораҳои сурбро чун тӯмор бо худ мегардонд, заҳрҳо бошад иштиҳои вайро меоварданд.
Дар оғоз вай пиёдаравони шабгардро дар роҳҳои ҷангал таъқиб ва шикор мекард. Баъдан ба хонаҳои истиқоматӣ зада медаромад.
Нерӯ ва маҳорату чолокии ин ҳайвон ба ин ҳад буд, ки метавонист аз ду ҳамсӯҳбат дар як хона як нафарро номаълум барад, аз тиреза тавре берун ҷаҳад, ки ҳатто ба гулдони лаби тиреза осеб нарасонад. Вай бо сайди вазнаш 70 кило аз сахраи чорметра поин ҷаҳид ва сайдро аслан раҳо накард. Вай одамеро кушт ва ва ҷасади онро аз болои 50 нафар ҳамроҳони хобаш тавре бурд, ки касе бедор нашуд....
Билохира рӯзи 2-уми майи соли 1926 аз ҷониби шикорчии машҳури гурбасонҳои ваҳшӣ Ҷимм Корбет (оне, ки дар расм мебинед) кушта шуд ва ҷараёни шикори ин дарандаи одамхӯр басо муфассал дар китоби “Паланги Рудрапраяга” (1947) тасвир шудааст.