16 декабри соли 2021 дар қаламрави Раёсати кӯли Сарези Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамои системаи нави огоҳии бар маҳал ва мониторинги кӯли Сарез баргузор шуд. Ин таҷҳизот тобистони соли ҷорӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиии КҲФ ва Бонки осиёии рушд харидорӣ ва насб карда шуда буд.
Дар ин маросим Раиси КҲФ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, Директори кишварии Бонки осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шани Кэмпбелл, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии муқими кишвар ширкат намуданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода маросимро ифтитоҳ намуда, ба Бонки Осиёии Рушд ва дигар шарикони байналмилалӣ барои ҳамкориҳо изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки системаи нави насбшуда, ки ҳатто хурдтарин тағйиротро дар низоми онлайн ироа мекунад, имкон медиҳад, ки вазъи кӯл беҳтар омӯхта шавад ва бехатарии аҳолӣ дар сурати рух додани ин ё он офати табиии эҳтимолӣ таъмин карда шавад.
Дар навбати худ хонум Шанӣ Кэмпбелл аҳамияти татбиқи ин лоиҳаро қайд намуда, ба омодагии БОР барои идомаи ҳамкорӣ дар оянда таъкид намуд.
Дар анҷоми қисми расмӣ намоиши имконоти системаи нави мониторинг ва огоҳии бармаҳал дар кӯли Сарез сурат гирифт. Ҷаноби Рассел Боулз, мушовири байналмилалии Лоиҳаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ, тавонмандиҳои системаи навро дар низоми онлайнт намоиш дод ва ба суолҳои мавриди таваҷҷӯҳ посух гуфт.
Қобили зикр аст, ки низоми нав дар марз бо Афғонистон то ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон, ҳаммарз бо вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад. Пештар аз ин то ноҳияи Рушони ВАБК системаи мавҷудаи огоҳии пешакӣ (сирена, алокаи радио) гузошта шуда буд.
Таҷҳизоти нав аз системаи интиқоли маълумотҳои моҳвораӣ, системаи пешгӯӣ, системаи назорат ва системаи огоҳкунанда иборат аст.