Синамо дар ҳар давру замон инъикосгари воқеъияти зиндагист, гарчи ин воқеъият дар либоси бадеият ва ба кор гирифтан аз санъати хос ба ҷомеа расонида мешавад. Кулли филмҳо аз ҳаводиси рухдода сохта мешаванд, воқеъияти зиндагӣ ба ҳадде бой аст, ки барои ҳазорон филми ҳунариву мустанад мавод медиҳад. Муруре ба филмҳои беҳтарин дар мавзӯъи барфу фоҷеаҳои инсонии аз ин падидаи табиат рухдода нишон медиҳанд, ки киносозон низ аз инъикоси ин бахши ҳаёти башар дур намондаанд. Аз миёни даҳҳо филме, ки ба барфу барфтӯда иртибот дорад, 12 филмро беҳтарин медонанд, гарчи онҳо низ дар қиёс ба якдигар комёбиву нокомӣ доштаанд.
“Дар ҷустуҷӯи тилло”. Филми синамогарони Канада, ки дар он ҳунармандон Ҷейми Бамбер, Мария Авгеропулос, Алекс Паунович, Стефани фон Пфеттен, Колин Каннингэм, Ҷон Ҳэйнсуорт, Пол МакГиллион, Ҷина Ҷиарелли, Крэйг Эриксон, Вина Суд, Ҷоди Томпсон нақш бозидаанд, аз он ҳикоят мекунад, ки як хонаводаи ҷавон ба сабаби вазъи бади молӣ ба Ванкувер меравад. Дар роҳ як бародар ва як хоҳаре, ки аз сармо меларзиданд, ба мошинашон савор мешаванд. Дар идомаи роҳ пирмардеро ҳам мегиранд, ки аз сардӣ ниммурда буд. Ин пирмард то ба беморхона намерасад ва дар нимароҳ ҷон медиҳад. Ба дасти ин чаҳор нафар коғазе мерасад роҳҳои расидан то ба ганҷинаеро нишон медод, ки дар умқи як кӯл ниҳон буд. Аз тарси он ки пулис хабар меёбад ва ба ҷустуҷӯи онҳо монеъ мешавад, гурӯҳ ба самти ҷангал ҳаракат мекунад. Дар ҳоле, ки сармо басо шадид буду онҳо сару либосе муносиб ба он надоштанд. Ҳамин гуна тасмимгирии сабукборона ва бидуни андеша барояшон мусибатҳои зиёде меорад.
Гумшудаҳо дар ях. Ҳаксли, халабоне, ки дар суқути ҳавопаймо зинда монда буд, дар биёбони яхии Арктика интизори кумак аз ободиҳо мемонад. Боре як чархбол ҳам дар ҳамон минтақа сарнагун мешавад ва аз миёни ҳама як зан зинда мемонад. Аммо хеле ҷароҳатҳо бардошта буд ва ба ёрии тиббӣ ниёз дошт. Ин халабон илоҷи дигар намеёбад, ба ҷуз ин ки ӯро ба лижа савор мекуунад ва бо роҳҳои пурхатар ба самте равона мешавад, ки медонад ба тамаддуну ободиҳо хоҳад расид.
Ин филми синамогарони Исландия буд, ки соли 2018 аз ҷониби коргардон Ҷо Пенна, аз рӯи сенарияи ӯ ва Райан Моррисон наворбардорӣ шуд. Нахустнамоиши ин филм дар синамоҷашни Канн дар соли 2018 баргузор гардид. Дар он Мадс Миккелсен ва Мария Телма Смарадоттир нақш офариданд.
Дар умқи 6 фунт. Як сноуборсавор, ки амиқан дар зиддиятҳои дохилӣ фурӯ рафтаву маводи мухаддир истеъмол мекунад, тасмим мегирад дар як масири ваҳшӣ ва дар ҳоли тӯфони шадид сноуборсаворӣ кунад. Табиист, ки дар чунин ҳол ва чунин вазъ раҳгум мезанад. Дар кӯҳҳо бе ғизо, об ва чароғу рӯшноиву гармӣ ва оташ як ҳафтаи пурра саргардон мешавад. Боз ҳам ба бахташ ӯро наҷотдиҳандагон пайдо мекунанд. Дар асл ҳам як рӯйдоди воқеъист, ки Эрик Лемарк аз сар гузаронидааст. Эрик Лемарк – нависанда ва хокейбози амрикоиву фаронсавӣ, муаллифи ду китобе, ки шуҳрати беҳудуд барояш оварда буд. Дар ҳақиқат Лемарк 6-уми феврали соли 2004 сноуборсавор дар кӯҳҳои Серра-Невада дар баландии беш аз 11 500 фут (3,5 километр) раҳгум зад ва муддати ҳашт рӯзро дар саргардониҳо сипарӣ намуд. Ӯро зинда наҷот доданд, вале бо вуҷуди талошҳои зиёд вай аз ду пои сармохӯрдаи худ маҳрум шуд.
Филми “Дар умқи 6 фут” соли 2017 ба бинанда расид ва дар он Ҷош Ҳартнетт, Мира Сорвино, Сара Дюмон, Ҷейсон Коттл ва Нейтан Стивенс нақш офариданд. Аммо ин филм комёбие барои офаринандагонаш надошт ва бештар танқид шуд.
«Ҳашт дараҷа зери сифр” - филме ҳаст маҳсули соли 2005-2006, ки коргардон Фронк Маршал ба навор гирифтааст. Дар филм Пол Уокер, Брюс Гринвуд, Ҷейсон Биггз, Мун Бладгуд нақш офаридаанд. Дар он аз рӯйдодҳое ҳикоят мешавад, ки соли 1993 дар паҳнои Антарктида гузаштааст. Корманди стансияи Антарктида Ҷерри Шеппард ва профессор Девис Макларен савори чанаи сагӣ ба ҷустуҷӯи шиҳобпораи (метеорит) афтода аз Уторид рафтанд. Дар бозгашт пойи профессор шикаст ва дар оби ях дармонд, Ҷерри бошад муҳтоҷи кумак шуд, чун шадидан сармо хӯрда буд. Бар асари тӯфони шадид ҳайати стансияро кӯчонданд, вале 8 саги насли савории шимол он ҷо боқӣ монданд. Зарур омад ин сагҳо зимистони сардро ба танҳоӣ ва дур аз одамон пушти сар кунанд ва ин муҳлати каме ҳам набуд, муддати шаш моҳ ин сардиҳо тӯл кашиданд. Аз ҳашт саг шаш саг зинда монданд.
Сужаи ин филм бар пояи воқеъияте офарида шудааст, ки солҳои 1958-1959 рух дода буд. Он замон аз 15 саге, ки дар стансияи Антарктида монда буданд, танҳо ду саг бо номҳои Таро ва Дзиро зинда монданд ва бозгашти одамонро интизор шуданд.
Ин филм барои мусиқии беҳтарин шоистаи ҷоизаи Оскар шуда буд.
“Дар асорати сафедӣ”. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар паҳнои барфии Норвегия як ҳавопаймои ҷангии фашистон сарнагун карда шуда буд. Се нафар зинда мемонанд ва ба тахмин ҷониби нерӯҳои худ ҳаракат мекунанд. Бахт ба рӯяшон механдад ва дар сари роҳ ба як кулбаи шикорчиён вомехӯранд. Онҳо тасмим мегиранд тӯфонро дар ҳамин кулба пушти сар кунанд. Дар ҳамин хонача боз ду халабони англис ҳам буданд, ки онҳо низ дар як суқути ҳавопаймоӣ зинда монда буданд.
Ин филм низ бар пояи воқеъияти таърихӣ офарида шудааст, ҳарчанд номи британиёиҳоро дигар карданд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон се флоти подшоҳии Британия Blackburn Skuas, ки дар HMS Ark Royal (ҳавопаймобари британиёӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон) фаъол буданд, ҳавопаймои ҷангии олмонии Heinkel He 111-ро мавриди ҳамла қарор доданд. Ҳавопаймои олмонӣ сарнагун шуд. Дар ин ҳодиса тиардози олмонӣ Ҳанс Ҳаук ҳалок шуда буд.
Эверест. Эверест иштибоҳот, саҳлангорӣ ва ҳарисиро намебахшад. Ҳамзамон олиҳиммативу ҷавонмардӣ ва фидокориро низ. Ин ҷо қонунҳое ҳокиманд, ки онҳоро метавон ғайриинсонӣ номид. Дар қуллапаймоии ин кӯҳи баланд шояд садҳо нафар ҷони худро аз даст дода бошанд, садҳои дигар захмиву маҷруҳ шудаанд. Ва ба кам касон даст додааст, ки ба фатҳи қуллаҳои баланди он бирасанд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин садҳову ҳазорҳо нафар аз гӯшаву канори олам ҳаваси қуллапаймоӣ дар ин кӯҳи бузургро дар дил мепарваранд.
Баҳори соли 1996 низ ҳамин гуна ҳодисае рух дода буд. Ду экспедитсияи тиҷоратӣ ҳамзамон ба ин мавзеъ равона шуданд. Дар ҳайати онҳо ҳам кӯҳгардони пуртаҷриба ва ҳам гардишгарон шомил шуда буданд, сайёҳоне, ки аслан таҷрибаи қуллапаймоӣ надоштанд.
«Эверест» (англ. Everest) — филми саргузаштии коргардони исландӣ Балтазар Кормакура буда, ҳунармандоне чун Ҷейсон Кларк, Ҷош Бролин, Ҷейк Ҷилленхол, Сэм Уортингтон ва Ҷон Ҳоукс нақш офаридаанд.
Ду ошиқ ва як хирс. Люси ва Роман дар Шимоли Ақсо (Шимолгони Русия) зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар иҳотаи ҳаводисе ва муҳите ҳаёт ба сар мебаранд, ки метавон танҳо бадбахтиҳоро интизор буд, вале ҳаргиз ноумед нестанд, барояшон боди умедҳо бӯйи хуши зиндагонии саодатмандро ҳамеша мерасонад ва ба он бовар ҳам доранд. Онҳо тасмим мегиранд ҳамроҳ ба ҷануб раванд ва зиндагии хушбахтро дарёбанд. Вале пул надоранд, аз ин рӯ ба минтақаҳои барфӣ сафар мекнунад.
Филми “Ду ошиқ ва як хирс” (англ. Two Lovers and a Bear) – ро Ким Нгуйен ба навор гирифтааст ва Дэйн Дехаан, Татяна Маслани, Гордон Пинсент, Ҷон Ралстон, Ҷонни Иссалук, Какки Питер дар он нақш бозидаанд.
Эверест. Дарёфти чизи имконнопазир. Филми мустанад дар бораи одамоне, ки бори аввал ба қуллаи Эверест дар соли 1953 расиданд. Тенсинг Норгей ва Эдмунд Ҳиллари ширкаткунандагони экспедитсияи Ханта буданд, ки дар он 400 нафар шомил буданд. Ҳамаи ин одамон чандин ҳафта талош карданд, то ду нафар ба баландтарин қуллаи олам расанд.
Филм соли 2013 омода ва пешкаш шуд. Дар он асноди мустанад аз бойгониҳо ва хотироти одамон истифода шудааст.
Бозгашта. Филми ҳамосии амрикоӣ, ки онро Александр Г. Инярриту соли 2015 ба навор гирифтааст. Филмномаи он аз рӯи романи “Бозгашта”-и нависанда Майкл Понк рӯи кор омадааст. Дар филм ҳунармандони варзидае чун Леонардо Ди Каприо ва Том Ҳарди нақш офаридаанд.
Сужаи мухтасари филм ба ин тартиб аст: Хю Глассро ҳангоми шикор хирс ҷароҳатдор мекунад. Дӯстон аз тарси ҳиндуҳо ӯро бо писараш Ҳоук ва ду шикорчии дигар - Ҷон Фитсжералд ва Ҷим Бриджер мегузоранд. Вазифаи онҳо иборат аз он буд, ки марги табиии Глассро интизор шаванд ва баъди гӯручӯб худро ба даста расонанд. Аммо онҳо аввал писари Глассро мекушанд, сипас Фитсжералд Бриджерро бовар мекунонад, ки ӯ худ мемирад, дигар набояд интизор шуд ва мераванд. Аз қазо Гласс зинда мемонад. Вай дар иҳотаи сармову барф, қабилаҳои ҳиндуҳо мемонад ва сарсахтона бо ин ҳама мубориза мебарад ва зинда мемонад. Ҳисси интиқом дар ӯ боло мегирад ва ҳамин эҳсос батадриҷ барояш қуввату дармон мебахшад. Оқибат қасоси худ, писар ва ҳамсарашро аз душманонаш мегирад.
Маҳз нақш дар ин филм боис шуд, ки Ди Каприо аввалин ҷоизаи Киноакадемияи ИМА-ро соҳиб шавад.
Кӯҳҳо миёни мо. “Кӯҳҳо миёни мо” (анг. The Mountain Between Us) – филми драмавии амрикоӣ бо коргардонии Ҳани Абу-Ассад аз рӯи китоби ҳамноми Чарлз Мартин. Дар филм Идрис Элба ва Кейт Уинслет нақшҳои асосиро бозидаанд. Ду нафаре, ки бо хислату характер аз ҳам тафовутҳои зиёд доранд, бо як мӯъҷиза аз як сонеҳаи ҳавопаймоӣ наҷот меёбанд. Вале онҳо дар миёни кӯҳҳое мемонанд, ки пур аз барфанд ва чандин километр роҳро тай мекунанд, вале ба ҷуз кӯҳу барф ҷони зиндаро намебинанд.
Филм 6 октябри соли 2017 аввалин бор намоиш дода шуд.
Пасфардо. Филми амрикоӣ дар жанри фантастикаи илмӣ. Сухан аз тағйири иқлим меравад ва бино ба назари созандагони он гармоиши умумҷаҳонӣ тадриҷан башариятро ба даврони яхбандиҳои бузург бармегардонад.
Қаҳрамонони филм дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳамон лаҳзаву солҳои ҳассос дармемонанд. Ин замонест, ки дар иёлотҳои шимолии ИМА сардиҳои бесобиқа оғоз мешаванд, сардиҳое, ки қодиранд ҳар гуна ҷинси зиндаро дар сонияҳои башумор ба қаъри яху барф фиристанд.
Филм аз рӯи китоби Уитли Стрибер ва Арт Белл “Тӯфони азими умумиҷаҳонӣ” ба навор гирифта шудааст.
Мустаъмара. Филме дар жанри илмӣ-таҳлилӣ ва тарснок аст, ки наворбардории он дар соли 2013 ба анҷом расид. Филм нишон медиҳад, ки замин ба умқи як зимистони сарду пурбориш фурӯ рафт. Одамоне, ки аз ин сардиҳо ҷон ба саломат бурданд, дар паногоҳҳои зеризаминӣ заданд, заминканҳое, ки қонунҳои шадидтарин доранд. Чанде аз ин одамон ба мустамликаи ҳамсоя мераванд, чун аз он ҷо барояшон сигнали хатар расид.
Нақшҳоро дар ин филм Лоуренс Фишборн, Билл Пэкстон, Кевин Загерс, Шарлотта Салливан, Ҷон Тенч, Романо Орзари ва дигарон мебозанд.
Аммо ин филм муваффақияти чандоне надошт ва бештар барои надоштани идеяи марказиву созанда мавриди танқид қарор гирифта буд.
Таҳияи Б.Шафеъ
БОЗ ДАР ИН БОРА: