Достони бориш ва борандагӣ дар шаш гуфтор. Гуфтори дуюм: БАРФТӮДА
Чоп шуд: 23/11/2021 | adminБАРФТӮДА – як ҳодисаи табиӣ аст, ки ба резиши шадиди барф иртибот дорад, ҳолатест, ки боди сард бо суръати бештар аз 15 м/с мевазад ва барф тӯлонитар аз 12 соат беист мерезад. Ва бӯрони барфӣ дар ин муддат роҳҳоро барои ҳаракати мошинҳо ва одамон мушкил мекунад, зиндагиро бахусус барои деҳоти кӯҳистон душвор месозад. Баландии барф дар ин гуна ҳолатҳо ба беш аз 1 метр мерасад, дар минтақаҳои сард то ба 2 ва ҳатто 3