Боздиди Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ аз КҲФ

22 ноябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ доир гардид.  Ҳайатро Намояндаи олии ИА оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ ҷаноби Жозеп Боррелл сарварӣ  мекард.

Дар ҷараёни боздид ба меҳмонони олиқадр техникаи махсус ва таҷҳизоти  наҷотдиҳандагон, ки онҳо дар кори ҳаррӯзаи худ ҳангоми анҷоми амалиётҳои наҷот истифода мекунанд, намоиш дода шуд. 

Сарвари КҲФ, генерал-полковник Рустам Назарзода ба ҳайат дар бораи самтҳои асосии фаъолияти идораи наҷот ва ҳамкориҳои КҲФ бо Иттиҳодияи Аврупо  дар сати пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ маълумот дод. 

 Ҷонибҳо дар бораи ҷанбаҳои умумӣ ва чораҳои роҳандозии ҳамкориҳои амалӣ табодули афкор намуданд. Дар ин самт минбаъд низ барои таҳкими иқтидор ва имконоти ҷонибҳо тадбирҳои муштарак андешида хоҳад шуд.

Ин мулокот дар фазои дӯстона ва созанда  анҷом шуд. 

Сафари ҳайати Иттиҳоди Аврупо марҳилаи муҳим дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

барчасп: