Activities calendar

01 ноября 2021

Мулоқоти генерал Назарзода бо Сарвари Дафтари минтақавии Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ

1 ноябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-полковник Рустам Назарзода  бо Сарвари Дафтари минтақавии Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Октавиан Бивол баргузор шуд.

Генерал-полковник Рустам Назарзода ба ҷаноби Бивол дар бораи корҳои...

Ҳамоиши иқлимии Глазго. Коршиносон ҳадс мезананд, ки он бенатиҷа хоҳад буд

Имрӯз дар шаҳри Глазгои Шотландия ҳамоиши иқлимии COP26 бо ширкати намояндагони аксари кишварҳои олам оғоз ба кор хоҳад кард. Ҳадафи аслии ин ҳамоиш, ки қарор аст бештар аз ду ҳафта идома кунад, ҷамъбасти аввалин дастовардҳои Муоҳадаи Порис дар мавриди тағйири иқлим аст, ки соли 2015 имзо шуда буд. Тоҷикистон низ ширкаткунандаи ин муоҳада мебошад. Гуфтанист, ки ин ҷаласаи ҳамасолаест, ки таҳти...

Мулоқот бо намояндагони Кумитаи дин дар Раёсати Душанбе

29 октябри  соли 2021 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мулоқот Сардори Раёсати итиҳодияи динии Кумитаи...

Даҳҳо тан гардишгарони рус дар Миср заҳролуд шудаанд

40 сайёҳи рус, ки дар меҳмонхонаи панҷситораи истироҳатгоҳи мисрии Ғурдақа истироҳат мекарданд, бо нишонаҳои заҳролудшави шадид ба бемористон интиқол ёфтанд. Бино ба хабарҳои ахиран расида аксари онҳо кӯдакон мебошанд.

Хабаргузории русии ТААС истинодан ба Палатаи сайёҳии Миср хабар додааст, ки то кунун 40 нафар гардишгарони...

Хадамоти иктишофии ИМА мегӯяд сарчашмаи пайдоиши коронавирус чун муаммо боқӣ мемонад

Хадамоти махсуси ИМА ахиран изҳор дошт, ки эҳтимолан дигар манбаъи аввалини зуҳури коронавирус Covid-19 ошкор нашавад, аммо андешаи он ки ин вирус махсус чун як силоҳи биологӣ сохта шуда буд, боқӣ мемонад.

Хадамоти милии иктишофии Амрико, ки ҳоло сарварии онро Эврил Ҳэйнс ба уҳда дорад, таҳрири нави таҳлилҳо дар мавриди сарчашмаҳои коронавирусро интишор дод.