Ҳамоиши иқлимии Глазго. Коршиносон ҳадс мезананд, ки он бенатиҷа хоҳад буд

Имрӯз дар шаҳри Глазгои Шотландия ҳамоиши иқлимии COP26 бо ширкати намояндагони аксари кишварҳои олам оғоз ба кор хоҳад кард. Ҳадафи аслии ин ҳамоиш, ки қарор аст бештар аз ду ҳафта идома кунад, ҷамъбасти аввалин дастовардҳои Муоҳадаи Порис дар мавриди тағйири иқлим аст, ки соли 2015 имзо шуда буд. Тоҷикистон низ ширкаткунандаи ин муоҳада мебошад. Гуфтанист, ки ин ҷаласаи ҳамасолаест, ки таҳти сарпарастии СММ баргузор мешавад. Аммо соли гузашта ба сабаби ҳамагирии КОВИД он доир нашуда буд.

Қарор аст ду рӯзи аввал сарони 20 кишвари сарватманди олам миёни худ дидор ва гуфтугӯ кунанд. Онҳо дар бораи иҷрои бандҳои ҷудогонаи муоҳадаи Порис, ки бахши муҳими он коҳиши партоби газҳои гулхонаист, суҳбат хоҳанд кард. 

Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳони ба ин ҳамоиш аҳамияти вижа медиҳад, вале ба назар намерасад, ки он дастоварди қобили мулоҳизае дошта бошад.

Соли 2021 билохира олимон ба ин хулоса расиданд, ки гармои умумиҷаҳонӣ ба шиддат идома дорад, сайёра ба таври хатарнок гарм мешавад ва яқинан сабабгору гунаҳгори он ИНСОН аст. Донишмандон баъди пажӯҳишҳои чандинсола билохира тобистони соли 2021 зери ҳамин як ҳуҷҷати муҳим имзо гузоштанд. Дар он гуфта мешавад, ки “дигар шаке нест, ки атмосфера, уқёнус ва хушкии Замин бар асари фаъолиятҳои инсон гарм мешавад”. Бе коҳиши қатъии партовҳо олам ҳадафи муоҳадаи Порисро аслан наметавонад иҷро кунад, яъне боздоштани гармоиши замин дар миёнаҳои асри ҳозир дар ҳудуди 1,5°С  дар қиёс ба сатҳи то саноатикунонӣ амри номумкин аст, агар давлатҳои ҷаҳон ҷиддан барои кам кардани партовҳо тавофуқ накунанд. Ҳамзамон олимон ҳушдор доданд, ки ҳатто маргумири сартосарии ҳайвоноту наботот метавонад 10 сол пештар аз он ояд, ки қаблан тахмин зада мешуд. 

Дар охирин маърӯза гуфта мешавад, ки гармшавии сайёра ба ҳадди 2°С паёмадҳои фоҷеабор барои башар хоҳад дошт ва агар зарфи ду даҳсолаи оянда мо осмонро ғуборолуд кунем, бешаҳоро ба ҳамин суръат нобуд намоем, охири аср инсоният дучори хатарҳое мешавад, ки басо ҳалокатборанд.

Хулосаи боло баъди омӯзиши 14 ҳазор кори илмиву таҳқиқотие эълон шуд, ки беш аз 200 нафар донишмандон сари он кор карданд, таҳқиқот анҷом доданд. Ва ҳоло зери ин маърӯза тақрибан ҳамаи давлатҳои олам имзо гузоштанд. 

Ҳоло дигар ба ҳукуматдорони 195 кишвари олам, ки зери ин ҳисобот имзо гузоштанд, баҳонае намемонад, ки коҳиши партовҳоро ба вақти дигар вогузоранд.

 

 Хулосаҳои ин маърӯза:

  • Даҳсолаи гузашта гармтарин даҳсола дар 125 ҳазор соли охир буд.
  • Газҳои гулхонаие, ки ба атмосфера партов шуданд, барои болоравии дамо то ба 1,5°C  дар қиёс ба асри 19 кофист, ин ҳам дар ҳолест, ки вақтҳои охир он то 1,1°C  боло рафтааст, зеро зарраҳои дудаи ҳосилшуда аз сӯхтҳои ихроҷшаванда ҳоло ҳам қобилияти таъсир доранд. 
  • Олимон таъсири манбаъҳои табиии гармшавии иқлим ба мисли офтоб ва вулканҳоро наздик ба сифр арзёбӣ мекунанд. 
  • Ҳатто агар олам фавран ва ба зудӣ партовҳоро коҳиш диҳад ҳам, баъзе равандҳо барои садсолаҳои оянда бебозгаштанд. Ин қабл аз ҳама ба ҳарорат ва сатҳи оби уқёнус, ҳамчунин майдони қабати ях дахл дорад.
  • Аз замони охирин маърӯза, ки соли 2013 мунташир шуда буд, донишмандон омӯхтанд, ки  робитаи байни ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, аз қабили гармо, тӯфонҳо, обхезиҳо ва тағйири иқлимро дақиқ ва сареъ муайян кунанд. 

Идомаи гармои умумиҷаҳонӣ боз ҳам шадидтар байни хушксолӣ ва селу сармо ва ҳарорати баланд аст. 

барчасп: