Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борони рӯзҳои 4-5-уми ноябр
Чоп шуд: 02/11/2021 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 4-5 ноябри соли равон дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баландиҳои бештар аз 200 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ҷойҳо барф ба шиддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад.