Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 4-5 ноябри соли равон дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баландиҳои бештар аз 200 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ҷойҳо барф ба шиддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад.
4 ноябри соли 2021 дамои ҳаво рӯзона аз 7 то 10 дараҷа поин меравад. Рӯзҳои 5-6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои ВМКБ туман мефарояд.
Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ эҳтимол ҳавои торик мушкили дидро ба вуҷуд орад.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд. Бахусус ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ эҳтиёт кунанд. Аз истифодаи бухориҳо низ баэҳтиёт бошанд, ҳамеша дудбарои хонаҳоро хабар гиранд ва онҳоро тоза нигоҳ доранд. Кӯдаконро танҳо ва беназорат нагузоред.
КҲФ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиётии худро аз қабл ба сафар омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд, ҳангоми иҷрои корҳои кишоварзӣ дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳистонӣ, аз чаронидани чорво дар чарогоххои куҳӣ муваққатан худдорӣ намоянд. Дар ин гуна рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ дар соҳили наҳру кӯлу рӯдхонаҳо метавонад хатарнок бошад.
Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ ё ҳолати фавқулодда ба рақами 112 ва ё ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: 223 13 11, 93 880 28 19 занг занед.