Хадамоти махсуси ИМА ахиран изҳор дошт, ки эҳтимолан дигар манбаъи аввалини зуҳури коронавирус Covid-19 ошкор нашавад, аммо андешаи он ки ин вирус махсус чун як силоҳи биологӣ сохта шуда буд, боқӣ мемонад.
Хадамоти милии иктишофии Амрико, ки ҳоло сарварии онро Эврил Ҳэйнс ба уҳда дорад, таҳрири нави таҳлилҳо дар мавриди сарчашмаҳои коронавирусро интишор дод. Чун пештар дар ин таҳрир ҳам ду фарзия таъкид мешавад: аз озмоишгоҳи пажӯҳишгоҳи вирусшиносии Вуҳон ногаҳон хориҷ шудани вирус ва мутатсияи табиии сирояти вирус аз ҳайвон ба инсон.
Ин ду фарзия ба ҳақиқат наздиканд ва дар кулли санҷишҳову таҳқиқҳо тӯли ин ду сол дар ин бора гуфта мешавад. Ҳоло ҳам ягон маълумоти тозае ба даст наомадааст, то аз ин ду фарзия ба яке бартарият дода шавад. Аз ин маърӯза муҳри махфӣ бардошта шуда ва он дар сомонаи Идоракунандаи иктишофи миллии Амрико чоп шудааст.
Аммо Чин ҳамоно ба таҳқиқоти ҷониби Амрико ба назари шубҳа менигарад ва онро дур аз воқеъият медонад.
- ХУФФОШ, ПАНГОЛИН, БОЗОРИ ВУҲОН? ДАЛЕЛЕ НЕСТ. ИЗИ КОРОНАВИРУС ГУМ МЕШАВАД
- ПАЖӮҲИШ. КОВИД-19: АНГУШТИ ИШОРАИ ИНСОН СӮИ ҲАЙВОН. ХУФФОШ, ЗАБОД, ПАНГОЛИН ВА ҲОЛО ВАШАҚ
Ҷомеаи иктишофии ИМА 17 идораро дар бар мегирад. Чор хадамот ба фарзияи аз роҳи табиӣ ба инсон гузаштани вирус таъкид мекунанд, вале онҳо низ мегӯянд дараҷаи боварӣ ба ин фарзия хеле каму заъиф аст.
Яке аз ин хадамот ба ин бовар аст, ки ҳодисаи сирояти инсон ба Covid-19 натиҷаи аз озмоишгоҳи Вуҳон ҳагоми роҳандозии кадом таҷрибае хориҷ шудани вирус ва ё иртибот бо ҳайвони сироятшуда дар ҳамин озмоишгоҳ аст. Аксари касоне, ки шомили таҳқиқоти манбаъҳои хуруҷи вирус буданд, ба ҳамин фарзия бештар такя мекунанд.
Дар маърӯза гуфта мешавад, ки ҳукуматдорони Чин то аввалин ҳодисаи хуруҷи Covid-19 дар Вуҳон дар охири соли 2019 дар бораи ин вирус чизе намедонистанд. Аммо муаллифони маърӯза мегӯянд то ба имрӯз Пекин монеъи тафтишоти байналмилалӣ мешавад ва маълумоти заруриро намедиҳад.
Ҷониби Чин даъво дорад, ки вирус аз бозори парандаи Вуҳон хуруҷ кардааст. Маҳз бар пояи ҳамин даъво фарзияи хуруҷи табиии вирус асоснок дониста мешуд ва аз озмоишгоҳ берун омадани онро чандон илмӣ намедонистанд.
Аммо дар аввали соли равон ВАО-и ИМА шаҳодати ғайримустақиме пайдо карданд, ки тибқи он фарзияи хуруҷи он аз озмоишгоҳи вирусшиносии Вуҳон қувват гирифт. Моҳи майи соли 2021 президент Ҷо Байден ба хадамоти иктишофии худ дастур дод, ки ин ду фарзияро ба ҷиддият омӯзанд, аз ҷумла аз озмоишгоҳ берун шудани вирусро.
Сафорати Чин дар Вашигтон ин фарзияро мазҳака номид. “Талоши ИМА дар мавриди такя на ба олимону донишмандон, балки ба маълумоти хадамоти иктишофӣ барои ошкор намудани сарчашмаҳои Covid-19 ин аз мазҳакаи сиёсие беш нест, - иқтибос меорад аз изҳороти сафорат Рейтер. – Мо кӯшишҳои илмии пайдо кардани сарчашмаҳои онро мепазирем. Ҳамзамон мо сиёсӣ кардани ин масъаларо аслан қабул надорем”.