40 сайёҳи рус, ки дар меҳмонхонаи панҷситораи истироҳатгоҳи мисрии Ғурдақа истироҳат мекарданд, бо нишонаҳои заҳролудшави шадид ба бемористон интиқол ёфтанд. Бино ба хабарҳои ахиран расида аксари онҳо кӯдакон мебошанд.
Хабаргузории русии ТААС истинодан ба Палатаи сайёҳии Миср хабар додааст, ки то кунун 40 нафар гардишгарони Федератсияи Русия барои кумак ба бемористон муроҷиат кардаанд ва ҳоло чор нафари онҳо баъди ташхис ҷавоб дода шуданд. Аммо ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки духтурони беморхона ба ин назаранд, ки ҳеч таҳдиде ба саломатии заҳролудшудагон нест ва ҳамаи онҳо рӯзи душанбе аз беморхона ҷавоб дода мешаванд.
Котиби матбуотии Сафарати Русия дар Қоҳира Иля Водонов гуфтааст, ки ин ҷо сухан дар бораи 40 сайёҳи русе меравад, ки ҳамагӣ дар меҳмонхонаи AMC Royal будубош доштанд.
Бино ба гуфтаи консули генералии Русия дар Ғурдақа Виктор Воропаев мақомоти беҳдоштии ин кишвар меҳмонхонаи AMC Royal-ро барои 48 соат бастаанд. Прокуратураи маҳаллӣ аз рӯи ин ҳодиса парванда боз кардаву сабабҳои ин заҳролудшавиро таҳқиқ мекунад.
Гардишгарон дар суҳбат бо хабаргузориҳо бештар дар бораи гармои шадид, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, исҳол ва ҳолати ғайрисанитарии меҳмонхона шикоят мекунанд.
"Беморхона пур аз аз бошандагони меҳмонхонаест, ки мо будубош дорем. Аксари онҳо кӯдаконанд. Онҳоро болои даст мебаранд. Ҳар бор аз 10 то 15 нафарӣ меоранд. Ҳарорати бадани бачаҳо то ба 40 дараҷа боло меравад”,-гуфтааст як гардишгар аз Тотористон бо номи Елена Сергеева ба нашрияи "Бизнес Online".
Баъди он ки Президенти Русия аз 30-уми октябр то 7-уми ноябри соли равонро рӯзҳои ғайрикорӣ эълон кард, сокинони ин кишвар бештар аз ҳар вақти дигар майл ба рухсатии меҳнатӣ карданд, то ин муддати локдауниро дар хориҷи Русия, дар тафреҳгоҳҳои Миср сипарӣ кунанд.
25-уми моҳи октябр Директори Ануҷумани сайёҳони Русия Майя Ломидзе ба РИА Новости хабар дод, ки гардишгарони ин кишвар ҳоло ҳамаи ҷойҳо ба меҳмонхонаҳои гаронарзиши Мисрро банд кардаанд ва то охири моҳи ноябр на танҳо роҳхатҳо, балки ҳатто билет ба ҳавопаймоҳо низ фурӯхта шудааст.