Достони бориш ва борандагӣ дар шаш гуфтор. Гуфтори дуюм: БАРФТӮДА

БАРФТӮДА – як ҳодисаи табиӣ аст, ки ба резиши шадиди барф иртибот дорад, ҳолатест, ки боди сард бо суръати бештар аз 15 м/с мевазад ва барф тӯлонитар аз 12 соат беист мерезад. Ва бӯрони барфӣ дар ин муддат роҳҳоро барои ҳаракати мошинҳо ва одамон мушкил мекунад, зиндагиро бахусус барои деҳоти кӯҳистон душвор месозад. Баландии барф дар ин гуна ҳолатҳо ба беш аз 1 метр мерасад, дар минтақаҳои сард то ба 2 ва ҳатто 3 метр низ баланд мешавад. Ҳолатҳое, ки дар манотиқи Сибири Русия зиёд мушоҳида шудааст. Дар ин минтақаҳо баландии барф ҳатто то ба 6 метр ҳам расидааст.

Чунин бориши пуршиддату дурудароз сабабгори қатъи интиқоли неруи барқ мешавад, дарахтон аз бори гарони барф мешикананд ва агар ин ҳолат дар роҳҳо иттифоқ афтад, мушкили роҳҳо дучанд меафзояд.  

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ

Мо дар як замоне ҳаёт ба сар мебарем, ки аз резиши барфи шадид бехабар намемонед. Комёбиҳои техникӣ ин гуна имконро барои мо фароҳам овардаанд, ки ҳатто як ҳафта пеш ҳавосанҷон аз боду борони оянда хабар медиҳанд ва хатарҳои сардиҳои ҳаворо ба мардум мерасонанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ниҳодҳои дигар огоҳиҳои расмӣ ва ҳатто маслиҳату машваратҳои лозимро низ ироа мекунанд. Мегӯянд, ки дар ин гуна ҳолатҳо сокинон чӣ бояд кунанд. Яъне, аз барфи шадиду боронҳои селовар мо қаблан огоҳ карда мешавем. Муҳим он аст, ки маслиҳатҳоро ба хотири саломатӣ ва бехатарии худ иҷро кунем.

  • Агар дар маҳалли шумо барфи шадид меборад ва тундбод мевазад, пас аввалин коре, ки мекунед ин аст, ки дару тирезаҳоро пӯшед, ҳар гуна сӯрохиҳои шамолдароро низ маҳкам кунед.
  • Барои ҳаддиақал ду шабонарӯз аз қабл обро захира кунед, доруҳои заруриро ҳамеша дар дорухонаи шахсии худ дошта бошед.
  • Воситаҳои рӯшноидиҳанда, аз қабили шамъу фонусҳоро омода созед, зеро агар неруи барқ хомӯш шавад, шумо берушноӣ намемонед.
  • Талош кунед барои радиои худ батареяи иловагӣ дошта бошед, чун агар барқ хомӯш шуду телевизион аз кор монд, аз тариқи радио ахбори муҳимро дарфт мекунед. Радио ва телевизиони худро фаъол нигоҳ доред, шумо ҳар лаҳза метавонед дар бораи вазъи баамаломада ахбори дақиқ пайдо кунед.
  • Аз айвону тирезаҳо ҳама ашёи заруриро барчинед, то боди шадид онро ба дуриҳо партов накунад
  • Ҳамеша омода бошед, ки эҳтимол қувваи барқ хомӯш мешавад.
  • Қабл аз оғози барфи шадид аз биноҳои сустбунёд ба хонаҳои маҳкаму устувор ва пойдор кӯчед.
  • Барои тоза кардани барфи рехта асбобҳои заруриро аз қабл омода созед.

АГАР ЗАРУР ШУД, КИ АЗ ХОНА БАРОЕД...

  • Танҳо дар ҳолатҳои заруриву истисноӣ аз хона берун шавед. Агар зарурат нест, хуб мешавад, ки дар хона монед. Аммо вақте баромадед, танҳо набароед.
  • Ба аҳли хонавода ва ҳатто ба хешону ҳамсоягон расонед, ки чаро аз хона мебароед, куҷо меравед ва кай бармегардед.
  • Агар бо мошин рафтаниед, пас танҳо бо шоҳроҳҳо ҳаракат кунед. Ҳаргиз роҳҳои камбару тангро интихоб накунед.
  • Сафар бо роҳҳои кӯҳӣ дар ин гуна щолатщо қатъиян манъ мебошанд.
  • Агар аз мошин берун шудед, онро хомӯш накунед, дур наравед.
  • Маъмулан дар ин гуна ҳолатҳо резиши барфи шадид бинишро заъиф мекунад, эҳтимоли раҳгум задан бо мошин вуҷуд дорад. Агар раҳгум задед, пиёда ба аввалин хона ё ҳавлии сари роҳ дароед, пурсед, ки ин ҷо куҷост ва баъди маълумоти заруриро ёфтан, ба самти лозим ба ҳаракати худ идома диҳед
  • Агар мошинатон дар роҳ монд, ҳатман сигнал занед, мошинҳои дигарро ба ёрӣ даъват кунед.
  • Аз иртиботу алоқа бо шахсони ношинос худдорӣ намоед, зеро маъмулан дар ҳолатҳои фавқулода шумори дуздон ва дуздиҳову ғоратгариҳо ба маротиб меафзоянд. Одамони фурсатталаб аз мусибати дигарон сӯистифода мекунанд. 

БАЪДИ БӮРОНИ ШАДИД ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

Инак, замоне мерасад, ки резиши барф қатъ мешавад. Аммо шумо ҳатто намедонед, хатари он барои хонаи шумо чӣ миқдор аст. Агар шумо сокини деҳаед, пас яқинан дар ҳавлие зиндагонӣ доред, ки барф аллакай дари шуморо бастааст ва мустақилона наметавонед аз хона берун шавед. Пас чӣ бояд кард?

  • Вазъи худ ба хадамоти наҷоти маҳалли худ расонед. Умедворем шумо аз қабл шумори телефонҳои ин гуна идораҳои муҳимро навиштаед. Ба онҳо суроғаи дақиқи худро расонед ва мунтазири  расидани кумак бошед.
  • Ба воҳима дода нашавед, бояд бидонед, ки ҳар мушкил чанд роҳи ҳал дорад.
  • Радио ва телевизиони худро фаъол кунед ва ба тавсияву раҳнамоиҳои мақомоти ноҳияву минтақа гӯш диҳед.
  • Ҳама чораҳоро бинед, то хонаи шумо гарм бошад, дар ин гуна рӯзҳои вазнин ҳатман сарфакорона истифода кардан аз маводи сӯхтро омӯзед ва онро амалан иҷро кунед. 
  • Ба фарзандонатон бештар диққат диҳед. Нагузоред, ки онҳо ба воҳима дода шаванд. Чунин вонамуд созед, ки гӯё коре нашудааст ва ин ҳолат зуд мегузарад. Дар ҳақиқат ҳам чунин аст. Барф зудгузар аст ва шоиста нест, ки некбин набошед.
  • Кӯдаконатонро беназорат нагузоред. Агар берун рафтаниед, пас бо ҳам равед. Аммо салоҳи кор он аст, ки то гузаштани хатар бачаҳо дар хона монанд.
  • Агар хонаи шумо дар минтақаҳои кӯҳист, пас хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад. Ба қоидаҳои бехатарии ин гуна ҳолатҳо лутфан ба Боби тарма таваҷҷуҳ намоед.

 

ВА БОЗ ДАР ИН БОРА: