Дар таркиши баллони гази моеъ 2 нафар маҷруҳ шуданд

Бар асари инфиҷори як баллони гази моеъ дар шаҳри Душанбе ду нафар маҷруҳ шуданд

Ин ҳодиса 21 – уми октябри  соли 2025, соати 12:45 дақиқа дар кӯчаи Чортут-у, хонаи 55 рух дод. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба тафтиши қазия машғуланд, мегӯянд шаҳрванд Боев Бахтиёр, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Пахтакор хонаи №38 баллони гази 45-литраи пуркардашударо ба ҳавлии Фирӯза Камоловаи 71-сола, воқеъ дар кӯчаи Чортут-1, хонаи 55 гузоштааст.

Инфиҷори ногаҳонии баллони газ ду нафарро маҷруҳ кардааст, ки яке 23 ва дуюмӣ 24 сол доданд.

Дар айни замон ин ду нафар бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарианд.

Мақомот сабаби ҳодисаро тафтиш мекунанд.

барчасп: