Дастоварди ҳамоиши Глазго: 190 кишвари олам тавофуқ карданд, ки аз истифодаи ангишт даст мекашанд

Аксари кишварҳое, ки зуғолсангро дар саноати худ истифода мебаранд, ваъда доданд, ки истифодаи онро маҳдуд мекунанд ва дар фарҷом аз он комилан даст мекашанд. Дар миёни ин кишварҳо Лаҳистон, Ветнам ва Чили низ мебошанд, ки дар олам аз ҷумлаи истифодабарандагони ангишт ба миқдори басо зиёд мебошанд. Дар ҳамоиши иқлимии Глазго ангиштсанг як омили аслии ифлоскунандаи ҳаво дониста шуд ва 190 кишвари олам тааҳҳуд карданд, ки аз истифодаи он даст хоҳанд кашид.

Аммо кишварҳои қудратманде назири Чин, ИМА, Ҳинд ва ҳатто Австралия ба зери ин созишнома имзо нагузоштанд.

Чин, ИМА, Ҳинд ва Русия бузургтарин тавлидкунандагони диоксиди карбон ба шумор мераванд.

Коршиносон имзои ин тавофуқномаро аз дастовардҳои басо муҳими нишасти Глазго арзёбӣ мекунанд. Аммо боз ҳам напайвастани чанд кишвари муҳими тавлидкунанда ва истифодабарандаи ангишт метавонад ба аҳамияти ин созиш таъсири манфӣ расонад.

Ҳамчунин тавофуқ шуд, ки кишварҳои рушдёфтаи саноатии олам то соли 2030 ва мамолики фақиртар то соли 2040 аз истифодаи ангиштсанг даст кашанд. 

барчасп: