Ду қудрати ҷаҳонӣ - Амрико ва Чин, ки аз бузургтарин тавлидкунандагони газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон мебошанд, бо пахши як баёнияи муштарак эълон карнд, ки барои коҳиҳи гармо дар рӯи Замин ва пешгирӣ аз фоҷеаҳои башарӣ бо ҳам ҳамкорӣ хоҳанд кард. Амрико ва Чин дар ин баёния ҳамчунин аз барномаи ҳамкориҳои муштараки худ дар ин замина иттилоъ додаанд.
Дар ҳоле, ки ҷаласаи обу ҳавои Созмони Милали Муттаҳид дар Глазко ба охирин рӯзҳои худ наздик мешавад, ду тавлидкунандаи бузурги газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон мегӯянд ташхис додаанд, ки даҳаи оянда даҳаи ҳалкунанда хоҳад буд.
- ДАСТОВАРДИ ҲАМОИШИ ГЛАЗГО: 190 КИШВАРИ ОЛАМ ТАВОФУҚ КАРДАНД, КИ АЗ ИСТИФОДАИ АНГИШТ ДАСТ МЕКАШАНД
- ҲАМОИШИ ГЛАЗГО ВА ИНТИЗОРИҲОИ ҶОМЕАИ БАШАРӢ
- Ӯ БА ИЛМ. ИНҚИРОЗ Ё НОБУДИИ И БАШАР: ОЁ ИН ИМКОНПАЗИР АСТ?
Ин ду кишвар ба таври хос бар коҳиши интишори гази метан тамаркуз кардаанд. Ши Жанҳу - музокиракунандаи аршади Чин дар ҷаласаи обу ҳавои СММ ва Ҷон Керри –намояндаи ИМА дар ин ҳамоиш гуфтаанд, ки ин нишон медиҳад ҳамкории ду кишвар дар заминаи тадбирҳо ба тағйири иқлим дар ҳоли пеш рафтан аст.
Пеш аз ин Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин аз ҳамкории ҷаҳонӣ барои коҳиши интишори газҳои гулхонаӣ то соли 2030 хабар дода буданд. Дар нишасти Глазго то кунун беш аз 100 кишвари олам ваъда доданд, ки барои татбиқи барномаҳои мубориза бо тағйири иқлим ҳамкорӣ кунанд.
Манбаъ: ВВС