Ҳудудан 90 нафар сокинони шаҳри Канпури иёлоти Уттар-Прадеши Ҳиндустон ба вируси Зико сироят шудаанд ва мақомот гуфтаанд, ки 17 нафари онҳо кӯдаконанд. Духтури беҳдоштии Канпур Непал Сингх ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки хуруҷи ин вирус дар минтақа ба мушоҳида мерасад. Вай ба оморҳои охир рӯ овардаву изҳор доштааст, ки бори аввал ин вирус соли 2017 дар Гуҷарот аз худ дарак дода буд.
Ин аввалин ҷаҳиши вируси Зико дар иёлоти Уттар-Прадеш буда, дар миёни сироятшудагон як зани ҳомила низ дида мешавад. Вазири асосии иёлот Йоги Адитянатҳ иқрор шуд, ки вирус ба шиддат паҳн мешавад ва аз мақомоти беҳдоштӣ талаб кард, то чораҳои зиддиуфунӣ андешанд.
Ин вирус, ки паҳнкунандаи он хомӯшакҳо мебошанд, амалан бе ягон нишона сар мезанад, вале метавонад бемор таб кунад ва нишони як бемории ноошно ҳувайдо гардад. Аломати он мумкин аст шомили илтиҳоби мултаҳима (конъюнктивит) ва сардард бошад. Ин аломатҳо ба таври куллӣ муддати то ҳафт рӯз идома мекунанд. Дар тӯли ин муддат ҳеч хабаре аз марги гирифтори ин вирус намерасад, яъне ин марҳила марг надорад.
Уфунат дар даврони бордорӣ бо аломатҳои каллахурдӣ (микросефалия – юнонии μικρός — хурд ва κεφαλή — сар. Як ихтилоли рушди асабӣ аст, ки дар он мағзи сари бемор хурд мешавад) ва дигар ноҳинҷориҳои мағзӣ дар бархе аз навзодон мушоҳида мешавад. Ин беморӣ дар бузургсолон бо синдроми Guillain-Barré алоқаманд аст.
Соли 1947 олимоне, ки таби зард (анг. Yellow fever – дар тӯли таърих ба унвони тоуни зард низ мешинохтанд ва як навъ бемории сахти вирусӣ буд) – ро таҳқиқ мекарданд, як маймунро дар бешаи Зико (Зико - ба забони бумиёни минтақа “буттазор”) мавриди таҳқиқ қарор доданд. Олимон он замон интизори пайдо кардани вируси маъмулии таби зард буданд, вале хилофи интизор агентеро кашф карданд, ки ноошно буд. Аз ин рӯ онро бо номи вируси Зико сабт карданд.
Соли 1952 дар Угандо, Танзания ва соли 1954 дар Нигерия муваффақ шуданд, ки ин вирусро аз одам ҷудо кунанд. Аз замони кашф то ба соли 2007 вируси Зико миёни сокинони Африқо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ кампайдо буд. Аммо сар аз соли 2007 он дар минтақаҳое вогир шуд. Аввал дар ҷазираҳои Микронезӣ ва баъдтар дар Полинезӣ авҷ гирифт. Он сипас дар ҷазираҳои Кук ва Каледонияи Нав паҳн шуд.
Соли 2016 ҳукуматдорони як қатор кишварҳои Амрикои Лотинӣ (Ямайка, Салвадор, Колумбия) аз бонувони кишварашон даъват карданд, ки муддате ба хотири сироят нашудан ва сабаби густариши вируси Зико нагаштан аз ҳомиладорӣ худдорӣ намоянд.
Вазири тандурустии Бразилия Марселу Каштру иқрор шуда буд, ки кишвараш дар мубориза бо хомӯшаки Aedes aegypti, ки паҳнкунандаи аслии вируси Зико мебошад, дасткутаҳ аст. Дар Бразилия соли 2014 150 навзод бо микросефалия ба қайд гирифта шуданд ва соле баъд ин рақам то ба 4000 нафар афзоиш ёфт.