Ҳаводиси олам

Даҳҳо тан гардишгарони рус дар Миср заҳролуд шудаанд

40 сайёҳи рус, ки дар меҳмонхонаи панҷситораи истироҳатгоҳи мисрии Ғурдақа истироҳат мекарданд, бо нишонаҳои заҳролудшави шадид ба бемористон интиқол ёфтанд. Бино ба хабарҳои ахиран расида аксари онҳо кӯдакон мебошанд.

Хабаргузории русии ТААС истинодан ба Палатаи сайёҳии Миср хабар додааст, ки то кунун 40 нафар гардишгарони...

Хадамоти иктишофии ИМА мегӯяд сарчашмаи пайдоиши коронавирус чун муаммо боқӣ мемонад

Хадамоти махсуси ИМА ахиран изҳор дошт, ки эҳтимолан дигар манбаъи аввалини зуҳури коронавирус Covid-19 ошкор нашавад, аммо андешаи он ки ин вирус махсус чун як силоҳи биологӣ сохта шуда буд, боқӣ мемонад.

Хадамоти милии иктишофии Амрико, ки ҳоло сарварии онро Эврил Ҳэйнс ба уҳда дорад, таҳрири нави таҳлилҳо дар мавриди сарчашмаҳои коронавирусро интишор дод.

Заминларза дар соҳилҳои Ҷопон киштиҳоеро аз қаъри об берун овард, ки даҳсолаҳо пеш ғарқ шуда буданд

Як заминларза дар соҳилҳои Ҷопон киштиҳоеро аз қаър ба рӯи об баровард, ки даҳсолаҳо пеш ғарқ шуда буданд. Онҳо замоне дар муҳорибаи Иводзим аз ҷониби нерӯҳои армикоӣ ба асорат гирифта шуда буданд ва баъдан ғарқ гардиданд. Даҳсолаҳост, ки дар қаър қарор доштанд.

Daily Mail навишт, ки ҳоло дар соҳил 24 киштии шикастаи барҷаста аз қаъри об дида мешавад.

Собиқ Вазири умури хориҷии ИМА аз коронавирус ҷон бохт

Субҳи имрӯз Собиқ Котиби давлатии ИМА Колин Пауэлл бар асари сироят ба коронавирус дар синни 84-солагӣ аз дунё гузашт.  Колин Пауэлл аз ҷумла вазирони хории сиёяпӯсти амрикоӣ буд, ки дар замон президентии Ҷорҷ Буши хурдӣ дар ин симмат ифои вазифа намуд. Хабари марги ӯ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби пайвандонаш расонаӣ шуд.

Сели харобкор дар ҷануби Ҳин 26 нафарро кушт. Ба эҳтимоли зиёд шумори ҳалокшудагон беш аз ин аст

Бар асари ҷорӣ шудани як сели харобкор дар ҷануби Ҳинд ҳаддиақал 26 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 5 нафари онҳо кӯдакон буданд. Бориши боронҳои пуршиддат ва туғёни рӯдхонаҳо боис шудааст, ки деҳаҳои зиёде дар муҳосираи сел қарор гиранд. Шиддати сел ба ҳаддест, ки мақомҳои маҳаллӣ аз эҳтимоли афзои ҳалокшудагон ва гумшудагон хабар додаанд.

Страницы