Субҳи имрӯз Собиқ Котиби давлатии ИМА Колин Пауэлл бар асари сироят ба коронавирус дар синни 84-солагӣ аз дунё гузашт. Колин Пауэлл аз ҷумла вазирони хории сиёяпӯсти амрикоӣ буд, ки дар замон президентии Ҷорҷ Буши хурдӣ дар ин симмат ифои вазифа намуд. Хабари марги ӯ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби пайвандонаш расонаӣ шуд.
"Генерал Колин Л. Пауэлл, собиқ котиби давтаии ИМА ва раиси Кумитаи сарварони ситодҳо субҳи имрӯз бар асари сироят ба COVID-19 ва мушкил дар саломатӣ тарки олам кард”, гуфта шудааст дар иттилоия.
Хонаводаи Пауэлл гуфтаанд, ки генерал пурра ваксина гирифта буд.
Аҳли хонаводи ӯ дар Твиттер навиштаанд: “Мо шавҳари дӯстдору падари меҳрубон, бобо ва амрикоии маъруфу бузургро аз даст додем”.