Ҳалокати 19 нафар дар сӯхторе дар як бинои баландошёнаи Ню-Йорк

Дар як сӯхтори бинои бисёрошёна дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҳаддиақал 19 нафар ҷони худро аз даст доданд, ки нуҳ нафари онҳо кӯдаконанд. Мақомот инро яке аз бузургтарин оташсӯзии як даҳсолаи охир намидаанд. Ин ҳодиса 32 маҷрӯҳ низ ба ҷо гузаштааст, ки ҳамаи онҳо ба бемористони наздиктарин интиқол дода шудаанд.

Воситаҳои ахбор хабар доданд, ки ин сӯхтор рӯзи якшабе, 9 январ наздик ба соати 11 вақти маҳаллӣ забона зад. Сӯхторхомӯшкунандагон баъди ҳамагӣ 3 дақиқаи дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса расиданд. Барои хомӯш кардани забонаи ин оташ ҳудудан 200 нафар талош карданд. 

 Мақомот гуфтаанд, ки тақрибан дар ҳар ошёнаи бино шахсони фавтидаро пайдо кардаанд ва ба эҳтимоли зиёд аксари онҳо зери таъсири гази карбон ҳалок шуданд.

ТАЛОШҲО БАРОИ НАҶОТИ СЕКВОЯИ ГЕНЕРАЛ ШЕРМАН ДАР КАЛИФОРНИЯ. МЕГӮЯНД ИН ДАРАХТ 2700 СОЛ ДОРАД

То кунун мақомот аз зарар дидани бештар аз 60 нафар хабар доданд, 32 нафари онҳо, ки сӯхта буданд, дар беморхонаҳо бистарӣ карда шуданд.

Хадамоти зиддисӯхтори шаҳр эълон кард, ки сабаби ин оташсӯзии пурқурбонӣ истифодаи нодуруст ва ё асбоби барқии харобшуда будааст. 

Эрикс Адамс – шаҳрдори Ню-Йорк ба CNN гуфтааст, ки то кунун аз фавти 19 нафар гузориш расидааст. Вай ҳамчунин изҳор доштааст, ки дуди ғализ қариб дар ҳамаи ошёнаҳои бино роҳ ёфтааст ва аз сабаби он ки дари ҳуҷрае, ки оташ гирифт боз буд, бисёре аз сокинон аз таъсири гази карбон ҳалок шуданд. 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

ҲАЛОКАТИ МОДАР ВА ДУ ТИФЛАШ ДАР СӮХТОРИ ДЕҲАИ БАҲОРИ ПАНҶЕКАТ
СӮХТОР ДАР КИШТИИ ҲАРБИИ АМРИКО 21 НАФАРРО МАҶРӮҲ КАРД
СӮХТОР ДАР НУҚТАИ ФУРӮШИ СӮЗИШВОРӢ ВОҚЕЪ ДАР МАҲАЛЛИ ИСПЕЧАКИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. ШАРҲИ РАСМӢ (ВИДЕО)
барчасп: