Талошҳо барои наҷоти секвояи Генерал Шерман дар Калифорния. Мегӯянд ин дарахт 2700 сол дорад

Сӯхторхомӯшкунандагон дар Калифорния талош доранд бузургтарин дарахти оламро, ки оташсӯзии бешаҳо ба он таҳдид мекунад ва инак чанд ҳафта ба инҷониб дар парки миллии “Секвоя” идома дорад, ҳифз кунанд.

Ин парк дар минтақа бо ниҳолҳои бузурги секвояи ҳамешасабзаш машҳур аст ва яке аз онҳо азимҷуссаи ҳаштодметраи Генерал Шерман мебошад. Ин дарахтро ҳатто дар олам  калонтарину бузургҷуссатарин меноманд. Бино ба арзёбии коршиносон он аз 2300 то 2700 сол дорад. 

СӮХТОРҲОИ БУЗУРГИ ОЛАМ. АЗ ТАХТИ ҶАМШЕД ТО ОТАШСӮЗИИ ЛОНДАН СОЛИ 1666

Сӯхторхомӯшкунандагон дар айни замон аз ҳама воситаҳои муосири мубориза зидди оташсӯзиҳои азими ҷангал истифода мекунанд, то танаи дарахти Генерал Шерман ва дарахтони азими дигар аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шавад. 

Бино ба гуфтаи таҳлилгарон ҳоло сӯхтори ҷангал ба ду ҳазор секвояи азимҷусса таҳдид мекунад ва сабаби ин тобистони гарми Калифорния мебошад. 

Аслан пӯсти ғафси секвояҳои азимҷусса ба ҳар гуна оташсӯзиҳо тобоваранд ва барои онҳо сӯхторҳои паст чандон хатарзо ҳам нестанд. Аммо сӯхторҳои ин шабу рӯз аз он сӯхторҳои пасте нестанд ва онҳо қодиранд ин гуна дарахтонро ба коми худ кашанд. 

Синну соли секвойҳои азимҷусса аз 3 ҳазор сол ҳам болоянд ва баландии баъзеи онҳо то ба сад метр мерасад. 

 

ВА БОЗ ДАР ИН МАВЗӮЪ:

барчасп: