Як сӯхтори азим дар манзили сокини деҳаи Баҳор, ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷекат се узви як оиларо ба ҳалокат расонд. Ин сӯхтор рӯзи 2-уми июли соли равон, шабона, тахминан соати 23:18 дақиқ сар зад ва се нафарро ба коми худ кашид. Соҳиби хона ба шуъбаи эҳёи бемористони шаҳрӣ бистарӣ шуд. Духтурон ҳоли ӯро низ вазнин арзёбӣ кардаанд.
Фавтидагон келини хонадон Таҳмина Арслонова 23 сол дошта, фарзандонаш Меҳваршо ва Талабшо 4-3-сола будаанд.
Басти навбатдории Хадамоти оташнишонии ҚМ-38-и шаҳри Панҷекат ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, якҷо бо аҳолии деҳа то соати 03:00 сӯхторро хомӯш кардаанд.
Сабаби сар задани ин оташсӯзӣ маълум нест, ҳоло мақомоти тафтишотӣ дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд ва сабабҳои онро муайян месозанд.
ХАБАРҲОИ ҲАМСОН
-
Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ
-
Сӯхтор дар корхонаи коркарди нефт. Сабабҳои он тафтиш мешаванд
-
Сӯхтор дар Австралия наздик ба ним миллиард ҷонварро ҳалок кардааст
-
Сӯхтор дар ошхонаи “Ҳоҷиён”-и пойтахт
-
Теъдоди кушташудагон дар сӯхторҳои азими Австралия ба 27 нафар расид (ВИДЕО)
-
Ҳалокати чор узви як оила дар сӯхтори хона. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!
-
Сӯхтори азим дар шаҳри бандарии Чилӣ даҳҳо хонаро ба коми худ кашид (ВИДЕО)